Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гашт.
Дар ҷаласа Саидмуродзода Ш. – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва натиҷаҳои фаъолияти соҳаро мусбӣ арзёбӣ намуда, оид ба фаъолияти кормандони Хадамот ва роҳбарияти он дар самти бартараф намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин ва ба ин васила пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард сухан ронд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазифаҳои низомномавии Хадамот, инчунин, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар нуҳмоҳаи соли 2025 ба масъулон супориш дод.
Дар фарҷом бо назардошти фикру ақидаҳои иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.






















