Дар маҷлисгоҳи Хадамот бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи марказӣ ва кормандону роҳбарони РХДНТСН дар минтақаи Рашт маҷлиси Раёсати Хадамот дар минтақаи Рашт санаи 4-юми июли соли 2025 баргузор гардид, ки аз ҷониби сардори Хадамот нишондиҳандаҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардид. Ҳамзамон иҷрои супоришҳои қаблан додашуда талаб карда шуд.
Масъалаҳои ворид намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тариқи барномаи рақамӣ махсусан рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷониби кормандони раёсат, ғайриқонунӣ фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воситаҳои нақлиёти вазнин, ифлосшавии роҳҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, ҷиҳати бартарфсозии камбудиҳо, махсусан дар самти иҷрои пардохти маблағҳои ҷаримаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз солҳои қаблӣ то инҷониб ба буҷаи давлат ворид нагардиданд, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард шуд.











