«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 25-уми июни соли равон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон бахшида ба 28-умин солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлис зери унвони «Ваҳдати миллӣ – ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик» доир гардид.
Дар маҷлис роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Дар маҷлис қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷикро сарҷамъ намуданд, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Дар фарҷом зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Ваҳдати миллӣ – чун қувваи иттиҳод барои халқу давлати мо муқаддасу гаронмоя аст. Ватанро сидқан дӯст доштан, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо овардан, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ гузоштан, Ватанро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кардан ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ саъю талош намудан вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордилу худогоҳи ин сарзамин – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Воқеан, ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва тоҷикистони азизу муқаддасро аз пора – пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки бо амали худ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем.