Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 2 июни соли 2025 бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба шарҳу татбиқи мазмуну муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзур намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин риоя ва иҷрои қатъии он таҳти унвони “Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ дорад” вохӯрӣ баргузор гардид.Ҳадаф аз баргузории маҷлис баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон ва шарҳи мазмуну муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзур намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин риоя ва иҷрои қатъии он арзёбӣ гардид.