Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобӣ, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 №569 “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум” бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз санаи 1 июни соли ҷорӣ, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 иҷозат дода мешавад, оғоз гардид.Аз ин лиҳоз, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки риояи муқаррароти болозирро ба таври қатъӣ таъмин намоянд.Дар сурати ошкор намудани қоидавайронкуниҳо дар роҳ, нисбати ронандагон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.