«Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд. Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш-ба сӯи ободию пирӯзиҳои нав барад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Мусаллам аст, ки ҳар сол 23-юми моҳи май дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.
Ба ифтихори ҷашни ҷавонон, ки дар диёри ҷавон таҷлил мегардад, кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи Шумо – кормандони комплекси нақлиётиро самимона шодбош мегӯям.
Мавриди зикр аст, ки кор бо ҷавонон ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҳамчун Роҳбари давлат ба фаъолият оғоз намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.
Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар нахустин мулоқотҳо бо ҷавонони кишвар иброз дошта буданд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
Ба ҷавонони бонангу номуси Ватан ва кулли мардум саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Рӯзи ҷавононро ба ҳамаи ҷавонони кишвар самимона табрик гуфта, тандурустӣ, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.