Дар иртибот ба эълон гардидани “2025-соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои ҳизбӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Сино гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Назорати нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шинос шуда, вобаста ба риояи мунтазами талаботи Оинномаи ҲХДТ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, татбиқи нақшаи корӣ, тақвияти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, огоҳ будан аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва дар ин замина ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба роҳбарияти ташкилоти ҳизбӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ омили муҳими беҳтар гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум ба шумор рафта, ҷиҳати боз ҳам боло рафтани обрӯ ва мавқеи ҲХДТ мусоидат намуда, ба масъулиятшиносии ҳар як узви ҳизб вобаста мебошад.