Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба хотири ба нафақа гусел намудани Ҷумаев Абдусамад Тухлиевич сармутахассис, ки дар Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, ҷамъомад доир гардид.
Ҷумаев Абдусамад Тухлиевич фаъолияти кории хешро тибқи ҳисоби тақвимӣ зиёда аз 19 сол идома дода, дар вазифаҳои гуногун бо як ҳисси ватандӯстӣ хизмат намудааст.
Ба номбурда аз ҷониби сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. барои хизмати шоён дар Хадамот ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаи роҳу нақлиёт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Раёсати Хадамот ба собиқ корманди худ барои фаъолияти шоиста ва бенуқсон баҳри хизмат ба халқу Ватан изҳори миннатдорӣ карданд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки, «мо, кормандон, дар тӯли солҳои фаъолият бисёр хислатҳои ҳамида, поквиҷдонӣ, садоқатмандӣ, серталабӣ ва саъю кӯшишро аз Ҷумаев Абдусамад Тухлиевич омӯхтем ва фаъолияти ин гуна инсонҳо дар Хадамот ибратомӯзи насли ҷавони Раёсат мебошад».