Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Вобаста ба ин, санаи 17 декабри соли 2024 дар доираи нақша чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҷиҳати шарҳу тафсири қонунгузории соҳаи роҳу нақлиёт, алалхусус Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 таҳти №107 тасдиқ шудааст, дар робита ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, дар маҷлисгоҳи Хадамот бо роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҳамоиши судманд баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш бо кормандон доир ба татбиқ намудани қонунгузории соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат”, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779, “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд”, аз 8 ноябри соли 2011, №569 “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум”, аз 5 сентябри соли 2002, №360 “Дар бораи Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 6 майи соли 2006, №214 “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 3 марти соли 2007, №107, “Дар бораи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт” ва тағйиру иловаҳо ба он, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2015, №113–1 “Дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқи китобхониву китобдӯстиро сухан ронда шуд.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Тоҷикистон диққати хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ меандешад ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо имрӯзҳо дар воҳидҳои сохтории Хадамот пайваста идома доранд.