Санаи 16 декабри соли ҷорӣ байни Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шахсияти Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони ХДНТCН дар шахсияти Бобоев Зафархон Музафарович – Раиси Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони ХДНТCН Шартномаи коллективӣ барои солҳои 2024 – 2027 ба имзо расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки Шартномаи коллективӣ санади меъёрии дохилие мебошад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодию меҳнатиро дар байни корфармо ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро танзим намуда, уҳдадориҳои мутақобилаи байни кормандон ва корфарморо дар симои намояндагони онҳо тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.