Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии хуқуқи инсон» дар доири Соли 2024 – “Соли маърифати хуқуқӣ” санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси тантанавӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ мебошанд» маҷлис баргузор гардид.
Дар оғози кори маҷлис Қурбонзода Д.Қ. – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба сухани ифтитоҳӣ кори маҷлисро оғоз намуда, таъкид намуд, ки Эъломияи умумии хуқуқи инсон, яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб ёфта, он дар як марҳилаи басо муҳимми таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳо нобаробарии хуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хукмфармо буд, қабул гардида, барои рушди ояндаи хуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани хуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, оид ба поймол намудани хуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд давлатҳои аъзоро хушдор дода, озодии сухан, виҷдон ва эътиқодро эътироф намудааст.
Ҷумхурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба маврид иброз намуданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зухуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем».
Инчунин, дар рафти кори маҷлис Сангинов Д.Ш. – сардори Шуъбаи хуқуқ, Мудинзода С.М. – сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва дигарон бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд.