Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор шуд.
Ҳамоиш бо иштироки аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот доир карда шуд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” Қурбонзода Далер Қурбон оғоз ёфт.
Дар кори ҳамоиш Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” иштирок ва доир ба Нақшаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариши навлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Иброз гардид, ки соли 2024 дар ҳаёти иҷтимоии ҳизбиён ҳамчун соли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ифода гардида, барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли таърихӣ ва муаррифии дастовардҳо мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст, тавонис, дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзую ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад. Дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, байни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад.
Сипас, аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди тафаккури шаҳрвандон ва нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ сухан намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардид.