Мутобиқи талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” , банди 8-и Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ шудааст ва мактуби МД “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и ВМКБ аз 25 ноябри соли 2024, №8/19, бо мақсади татбиқи амалии чорабиниҳо ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Лаби Ҷар – Сангвор – Дарвоз” , Аз 9 декабри соли 2024 дар роҳи автомобилгарди РБ03 “Лаби Ҷар – Сангвор – Дарвоз” , қитъаи роҳи “Сағирдашт – Қалъаи Хумб” тавассути ағбаи Хобу Рубот, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда мешавад.Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳи автомобилгарди РБ04 Душанбе – Кулма (тавассути Кӯлоб – Қалъи Хумб – Хоруғ – Мурғоб) ба роҳ монда мешавад.