Санаи 3 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот муҳтарам Қурбозода Д.Қ. ҷаласаи назоратӣ бо иштироки кормандон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид.
Дар ҷаласа Сардори Хадамот ба масъулин ҷиҳати пурра бартараф намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши борашон аз меъёри муқарраршуда зиёд, баровардани шумораи аз квота зиёди таксиҳои корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, воридоти воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз шаҳру ноҳияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва пурзур намудани назорат ва танзими фаъолияти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба бе намояндагони Хадамот мустақилона дар роҳҳои автомобилгард фаъолият кардани экспертони КВД “МСКХСН” эроди ҷиддӣ гирифта, дастур дода шуд, ки камбудиҳо фавран бартараф карда шавад.
Илова бар ин, зикр гардид, ки ҳолатҳои аз ҷониби кормандони МД “НАХЛ” пушидани либоси расмии Хадамот бақайд гирифта шудааст, ки ҳамчун корманди Хадамот худро муаррифӣ намуда, бо истифода аз ишорачӯб дар роҳҳои автомобилгард ва нуқтаҳои назоратӣ фаъолият менамоянд ва ин мухолифи талаботи қонунгузорӣ мебошад. Вобаста ба ин, сардорони воҳидҳои сохтории Хадамот ҷиҳати пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар рафти кори ҷаласа Қурбонзода Д.Қ. вобаста ба ҷаримаҳои басташудаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии солҳои 2022–2023–2024 суханронӣ намуда, масъулинро бори дигар ҳушдор намуд, ки ҷиҳати пурра руёнидани маблағҳо то охири соли ҷорӣ бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, зеро дар акси ҳол нисбати нафароне, ки иҷроишро таъмин намекунанд чораҳои дахлдори интизомӣ татбиқ карда мешавад.
Баъдан роҷеъ ба масъалаҳои назорати раванди гузаронидани дарсҳои 20-соата дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, тайёр намудани харитаи ҷойгиршавии корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаш, алалхусус нақлиётҳои гаронвазн, супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бахши барномаи рақамӣ ва масъулони воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба корбарӣ бо барномаи рақамӣ таъкид карда шуданд, ки то охири сол ҳамаи мушкилоти дар ин самт боқимонда ҳал карда шавад.
Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба Соли нави мелодӣ (2025) ва дар арафаи Соли нави мелодӣ тақдим намудани туҳфаҳо ба хона-интернатҳо, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.