Ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколии Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. аз ҳайати корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ таксиҳои бо сузишвории бензин, газ ва дизелӣ фаъолияткунанда бароварда шуда, ба ҷои онҳо электромобилҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият бояд намоянд.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои мазкур роҳбарият ва кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.
Ҳамчунон, зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин самт Раёсати шаҳри Душанбе қатъӣ вазифадор гардида буд, ки дар доираи квотаҳои аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе муайяншуда, тибқи руйхати корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ ба нақлиётҳо варақаи назоратӣ дода, шумораи аз квота зиёди таксиҳоро бароранд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баръакс шумораи таксиҳои ғайриқонунӣ хизматрасонанда дар пойтахт афзуда истодааст ва назорати фаъолияти онҳо аз тарафи кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе суст ба роҳ монда шуда буд, ки пас аз гирифтани супоришҳои қатъӣ кор дар ин самт пурзур шуда истодааст.