Дар толори маҷлисии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 22.11.2024 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ” чорабинии идона доир гашт, ки дар он сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Сипас, сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад. Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, боиси ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мегардад.
Баъдан, кормандон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, доир ба таърих ва мақому манзалати Парчами давлатӣ ибрози андеша карданд.