Маҷлисро сардори Хадамот оғоз бахшида, вобаста ба хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти таксӣ дар пойтахт ва рӯз то рӯз зиёд гардидани шумораи онҳо, риоя нагардидани шумораи квотаҳои муқарраргардида аз ҷониби ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти таксӣ дар шаҳри Душанбе ва қаноатманд набудани назорати фаъолияти онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуд. Инчунин қайд карданд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот оид ба танзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардида истодаанд.
Зикр карда шуд, ки бо ворид гардидани электромобилҳо мебоист таксиҳои бо сузишвории бензин, газ ва дизелӣ фаъолияткунанда аз ҳайати ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ бароварда, ба ҷои онҳо электромобилҳо фаъолият мекарданд. Дар ин самт Раёсати шаҳри Душанбе қатъӣ вазифадор гардида буд, ки дар доираи квотаҳои аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе муайяншуда, тибқи руйхати ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ ба нақлиётҳо варақаи назоратӣ дода, шумораи аз квота зиёди таксиҳоро бароранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баръакс шумораи таксиҳои ғайриқонунӣ хизматрасонанда дар пойтахт афзуда истодааст ва назорати фаъолияти онҳо аз тарафи кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе суст ба роҳ монда шудааст. Бар замми ин мувофиқи иттилои расида баъзе кормандони Раёсат фаъолияти ғайриқонунии таксиҳоро нодида гирифта, нисбати онҳо чораҳои дахлдор намеандешанд.
Қайд карда шуд, ки натиҷаи корҳои анҷомдодаи Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дар бобати ба низом даровардани фаъолияти таксиҳо дар пойтахт нокифоя буда, зарур аст, ки назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд.
Бо мақсади ба тартибу низом даровардани фаъолияти таксиҳо дар пойтахт Сардори Хадамот масъалагузорӣ намуданд, ки бояд ҳар як такси дар ҷамъияту ширкатҳо рақамгузорӣ карда шавад ва намуна ва шакли рақам тарзе омода шавад, ки ронандагон ва ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти мустақилона натавонанд сохтакорӣ кунанд.
Дар рафти маҷлис маълумотҳои пешниҳоднамудаи сардори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сардори Хадамот таҳлил карда шуда ва қайд гардид, ки ширкатҳои зери бренди 44-44 ва 33-33 аз ҳама бештар квотаҳои муқарраргардидаро риоя намекунанд ва дар ин замина шуъбаи Фирдавсии Раёсат вазифадор гардид, ки дар муддати ду ҳафта ҳамаи таксиҳои аз квота зиёд бударо аз ҳайати ширкат бароварда нисбати худи ширкатҳо чораҷӯӣ намоянд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло маҷлис қарор қабул кард:
- Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе қатъӣ вазифадор карда шавад, ки дар доираи квотаи муқарраргардида, мувофиқи руйхати пешниҳоднамудаи ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти сабукрави таксӣ ба нақлиётҳо варақаи назоратӣ диҳанд.
- Оид ба ҳар як воситаи нақлиёти таксие, ки рақамҳои қайди давлатии онҳо гирифта мешаванд ва барои аз қайди ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти баровардан ба корхонаҳо супорида мешаванд, хуҷҷатгузорӣ намуда, ҳамчун далел бо маълумотномаҳо ба шуъбаи дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳод карда шавад.
- Барои аз нав бақайдгирӣ ва рақамгузории таксиҳо шакл ва намунаи ягонаи рақам, ки имконияти худсарона сохтакорӣ накарданро дошта бошад, омода карда шуда ва дар мувофиқа бо масъулини мақомоти шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.
- Шуъбаи ноҳияи Фирдавсии Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки дар муҳлати ду ҳафта таксиҳои аз квота зиёд бударо аз ҳайати ширкатҳои зери бренди 44-44 ва 33-33 бароварда, ба Сардори Хадамот маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.
- Раёсат вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати пурра ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ, назорат пурзӯр карда шавад.