15 ноябри соли 2024 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ПЕШВОИ РАҲНАМОИ МИЛЛАТИ МО” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимзода Н., Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфзода Ю. ва Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодизода К. баргузор гардид.
Қурбонзода Далер Қурбон зимни баромади худ қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.
Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Сипас меҳмонон дар чорабинӣ доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон хушбахтиву саодат ва рӯзгори ободу осударо орзу намуданд.