Дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани кормандон эътибори авввалиндараҷа дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин аттестатсияи кормандони Хадамот комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор таркиб ёфтааст, таъсис дода шуд. Хадамот бошад барои кормандони соҳа дар арафаи аттестатсияи давлатӣ Саволнома барои аттестатсияи давлатиро таҳия намуд, ки он фарогири саволу посухҳои мушаххас, ки барои аттестатсия муфиданд, мебошад. Корманди Хадамот пеш аз ҳама, бояд содиқу арҷгузор будани худро ба муқаддасоти миллӣ ба маъраз гузорад. Бо гуфтору рафтор ва кирдори хеш намунаи ибрат буда, қобилияти кор бо техникаю технологияи муосирро доро бошад. Вобаста ба ин, аз санаи 7-ум то 15-уми ноябри соли 2024 аттестатсияи кормандони Хадамот гузаронида шуд, ки дар он 141 нафар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ташкили аттестатсияи кормандон рушд додани маҳорати касбию соҳавию умумӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва донистани технологияҳои муосир мебошад.