Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6 ноябри соли 1994 рост меояд.
Конститутсия яке аз заминаҳои асосии пойдории давлатдории мо ба шумор меравад. Он вобаста ба пешравии иқтисодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ такмил дода мешавад ва дар робита ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон менамоянд: “Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем”.
Риояи меъёру талаботи Конститутсия ва тарбияи худшиносии ҷомеа хеле муҳим буда, барои баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ амри зарурист. Дар ин робита, эълон шудани “Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ” хеле саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад.
Тӯли ин солҳо Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ ояндаи пешрафту тараққиёти давлатро муайян сохта, муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшударо таҷассум кардааст.
Ба ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем.
Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Бигзор, Бахтномаи миллати тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кафили сулҳу субот, ҳомии давлату ҷомеа дар кишвари азизамон ҳамеша устувору побарҷо бошад!
Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.
Бори дигар мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 30 солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду демократӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!