31-уми октябри соли равон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 30 – солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – доктори лмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Соҳибзода Муҳаммадҷон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳабибзода Зоир – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.
Баъдан, Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфт.
Тавре зикр гардид, Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, сӣ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.
Бо назардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст, он моро ба ояндаи неку ободу озоди демокративу ҳуқуқбунёд раҳнамоӣ мекунад”,
Дар ҳамин замина, бояд қайд кард, ки нақши Конститутсия дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ки он на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳимоя, балки уҳдадориҳои давлатро барои раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ муқаррар мекунад. Меъёрҳои конститутсионӣ ба ташаккули системаи одилона ва муассири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо мусоидат мекунанд, ки дар маҷмӯъ асоси таъмини шароити мусоид ба аҳволиро ташкил медиҳад.
Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Мусаллам аст, ки таҷлили 30-солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост.
Ҳамзамон дар чорабинии идона Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – доктори лмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Соҳибзода Муҳаммадҷон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳабибзода Зоир – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои мамлакатро ба ифтихори 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, доир ба ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз андешаҳои хешро баён кард.