Баҳри таъмини талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №642 аз 14.12.2020с. (ворид намудани тағйирот ба қарори №374 аз 23.07.2009с.) “Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда”, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва пешгирӣ кардани воридшавии ғайриқонунии нақлиёти мусофирбар ба пойтахт, кормандони Раёсат дар ҳамбастагӣ бо кормандони БДА-и шаҳри Душанбе дар даромадгоҳҳои пойтахт нуқтаҳои назоратӣ ташкил карда шудааст ва ҳамарӯза воридшавии ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар маҳаллаҳои “Обшорон”, маҳаллаи 46-ум, назди бозори “Саховат”, дар майдончаи назди Маркази ташхиси техники, маҳаллаи “Политехникум”, “Гипрозем”, назди маркази савдои “Марва (собиқ “Зарнисор”), назди маркази савдой “Садбарг” ва назди терминали “Чорбоғ”, пешгирӣ карда мешавад.
Дар ин васила, давоми 9 моҳи соли 2024 дар ҷараёни барҳам додани фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонии воситаҳои нақлиёти рақамсафед, инчунин, таксиҳои рақамзарди силсилаи “ТТ” бо рақамҳои минтақии “07 ва “08”, ки дар хатсайрҳои пойтахт ба низоми нақлиётӣ халал ворид менамуданд, 980 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд ва дар асоси моддаи 510(қисми 2)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 450 адад протоколҳои маъмурӣ (барои бе иҷозатнома фаъолияти мусофиркашонӣ намудан), бо моддаи 323(қисми 1)-и КҲМ ҶТ – 580 адад протоколи маъмурӣ (барои худсарона баромадан аз самти ҳаракати муқараргардидаи ҳудуди фаъолият дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва халал расонидан ба низоми нақлиётӣ дар хатсайрҳои пойтахт) ва бо моддаи 324-и КҲМ ҶТ (барои таваққуфи нодуруст ва халал расонидан ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ…), 845 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар рафти гузаронидани рейдҳои муштараки нозирони Раёсат бо кормандони ШБДА-и шаҳри Душанбе, нисбати воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ фаъолияткунанда дар кӯчаи Н. Қарабоев ва нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти тамғаи “Тангем”, ки дар самти бозори “Саховат”- маҳаллаи “Гипрозем” худсарона фаъолияти мусофирбарӣ менамуданд, 76 адад протоколҳои маъмурӣ бо моддаҳои дахлдори КҲМ ҶТ тартиб дода шуданд ва 49 адад воситаҳои нақлиёт боздошт гардида, ба майдончаҳои ҷаримавии РБДА фиристода шуданд.
Аз тарафи кормандони Раёсат давоми моҳҳои январ-сентябр соли равон, дар натиҷаи гузаронидани корҳои нозиротӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва масири хатсайрхои нақлиёти мусофирбар, 2 424 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва дигар воситаҳои нақлиёт, вобаста ба риоя накардани қоидаҳои истгоҳ ва таваққуфи нодуруст, инчунин, халал расонидан ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ошкор карда шуда, бо моддаи 324-и Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурӣ татбиқ гардиданд.