Дар нуҳ моҳи соли 2024 1959 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва гаронвазн ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати онҳо бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурй тартиб дода шуда, ба маблағи 7052400 сомонц ҷаримабандӣ карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11% зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ин давра барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда 358 – адад иҷозати махсус дода шудааст ва аз ин ҳисоб 916 ҳазору 283 сомонй ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда шудааст.
Бо мақсади пешгирц намудани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал дар нуқтаҳои баркашй 213735 – адад (соли гузашта 165911-адад) воситаи нақлиёти боркаш мавриди баркашй қарор дода шуда, бо сертификати баркашй таъмин гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, 29% зиёд мебошад.
Инчунин борҳои аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш ба миқдори 2 ҳазору 699 тонна (нуҳмоҳаи соли гузашта-1759 тонна) фароварда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 53,4% зиёд мебошад.
Ҷиҳати пешгирй ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳои автомобилгард аз гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн тибқи нақшаи тасдиқгардида кормандони Хадамот ба корхонаҳои сементбарорй, карьерҳои коркарди қуму шағал ва конҳои истихроҷи ангишт оиди риоя кардани меъёри боркунии бор ба воситаи нақлиёти автомобилй ҳангоми боркунии бор Огоҳиномаҳо дода, иҷроиши онро назорат намуданд. Дар давраи нуҳ моҳи соли ҷорй нисбати 20 корхонаи истеҳсолкунанда ва 1 корхонаи боргиранда ҳамчун шахсони мансабдор барои риоя накардани меъёри боркунӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурй татбиқ карда шуда, ҷаримабандй гардиданд.