Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём санаи 28.12.2023 ироа гардида буд “… ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст.” санаи 18 октябри соли ҷорӣ бо мақсади таъмини гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳу нуқтаҳои вазнченкунии Хадамот бо интернети баладсуръату босифати бемаҳдуд бо намояндагони ҶСП «ТТ мобайл» (ҳоло «Мегафон – Тоҷикистон») Абдуллоев Ҳикматулло ва Нуралиева Зебо мулоқот доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди коммуникатсия, инчунин, таҳия ва амалисозии шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳу нуқтаҳои вазнченкунии Хадамот таъмин намудани интернети баладсуръату босифати бемаҳдуд табодули афкор намуда, дар ин раванд миёни ҷонибҳо масъалагузорӣ оиди ба имзо расонидани шартномаи мазкур роҳандозӣ гардид.