Санаи 16.10.2024 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вохурии роҳбарият ва кормандони Хадамот бо роҳбарият ва кормандони КВД ”Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид.
Дар вохурӣ зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисоди бозорӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ин ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила гузариш ба ин самтро тақозо менамояд.
Қобили зикр аст, ки зарурати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мадди назари давлату хукумат буда, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдй дастуру супоришҳои мушахас медиҳанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ 23 декабри соли 2022 дигарбора ба масъалаи пурра ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, таъкид намуданд, ки «бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҳамин замина ҷиҳати татбиқи ҳадафи мазкур дар ҷумхурӣ фармони Президента Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 ба имзо расид, ки ба амалиёти нақдӣ хотима гузошта, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.
Тибқи фармони мазкур, ҳамакнун аз 1 августа соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмй ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналй, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Қайд намудан зарур аст, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани раддабандии байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Ҳамин тавр, 28-уми декабри соли 2023 дар паёми навбатии худ Пешвои миллат вазорату идораҳои дахлдорро муваззаф намуд, ки «дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд».
Хулас, гузариши пурра ба низоми мазкур имконият фароҳам меоварад, ки шаффофияти амалиётҳои молиявӣ таъмин ва буҷети давлатӣ ғанӣ гардонида шавад. Омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ ва таъсири омилҳои инсонӣ коҳиш дода шавад. Инчунин, аҳолии кишвар ҳарчи бештар ба хизматрасониҳои пардохтӣ дастрасй пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо рохҳои қулай, осон ва босуръат пардохти ҳама гуна молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ анҷом дода, вақти худро сарфа намоянд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳадафи асосии татбиқи барномаи мазкур ин иҷрои фармони Президента Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 мебошад, ки ба амалиёти нақдӣ хотима гузошта, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 август маъмурияти шаҳри Душанбе Барномаи Smart Рау-ро барои гузаштан ба низоми ғайринақдии пардохт ба истифода медиҳад.
Зеро, чунин чораҳо барои таъмини пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозатномаҳо ва дигар хуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ андешида шудаанд.
Дар фарҷоми вохурӣ ва рунамоии Барномаи Smart Рау масъалаи ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД “Шаҳри хушманд” (Smart city) ба миён гузошта шуд.