Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои мутақобила ва судмандро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим мебошад.
Яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар махсусан дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Бо ин мақсад ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани бандҳои Нақша чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди забони давлатӣ, риоя ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Хадамот дарсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ин дарсҳо бо иштироки кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохтории он бо ҷалби устодони баландихтисос ба роҳ монда шуда, дар он таваҷҷуҳи хосса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи дурусти имлои забони тоҷикӣ ҳангоми корбарӣ равона гардидааст.