Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 15 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Давлатов Шуҳрат Сайфуллоевич – мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимов Рустам Сабурович – намояндаи IFC ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот дар доираи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” аз 30 июли соли 2007 №320, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 30.12.2019 №642 “Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳти унвони “ВУСЪАТ ДОДАНИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА ВА ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОН ДАР САМТИ КОР БО БАРНОМАҲОИ РАҚАМӢ” ҳамоиш баргузор гардид.