12-14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинон, инчунин иштирок дар тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қарор доштанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони роҳу пулҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Дар зер чанд иқтибос аз суханрониҳои Сарвари давлат дар мулоқотҳо бо роҳбарон, фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Хоруғ пешниҳод мешавад.
Дар ноҳияи Рӯшон, 12 октябри соли 2024:
«Дар ноҳияи Рӯшон барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз, аллакай, 111 иншоот, аз ҷумла 6 корхонаи саноатӣ, 5 иншооти соҳаи маориф, 3 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 97 иншооти дигар бунёду таҷдид ва ба истифода дода шудааст, ки беш аз 67 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар соли 2023 ва 8 моҳи соли 2024 бо ташаббус ва саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди ноҳия беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, бо мақсади таъмин намудани рушди бомароми ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар карда, дар ин раванд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузории давлатиро амалӣ намуда истодааст.
Шоҳроҳи байналмилалии «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон» аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо мебошад, ки имрӯзҳо татбиқи он босуръат идома дорад.
Яъне соли оянда мо ин шоҳроҳро то сарҳади ноҳияи Рӯшон ифтитоҳ намуда, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон лоиҳаҳои минбаъдаро амалӣ месозем.
Ҳамчунин, роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи «Кулма – Қарасу» (300 километр) лоиҳаҳои муҳимме мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳоло ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳакашии онҳо корбарӣ карда истодааст.
Арзиши лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳи «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон» 2,5 миллиард сомонӣ ва ду лоиҳаи дигари зикршуда, яъне «Рӯшон – деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон» ва «Варшез – гузаргоҳи Кулма – Қаросу» 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра, танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии он аз буҷети ҷумҳуриявӣ 511 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, ҳоло амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад, ки дар он 60 лоиҳа ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин лоиҳаҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудаанд.
Вале то имрӯз ҳамагӣ 21 лоиҳа ё 35 фоизи барномаи зикршуда татбиқ гардидааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро аз ҷониби роҳбарияти вилоят, ноҳия ва вазорату идораҳои марбута тақозо менамояд».
Дар ноҳияи Роштқалъа, 12 октябри соли 2024:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо, дар шакли маҷозӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Хоруғ — Қозидеҳ», «Сурхсанг – Ванч» ва пули нақлиётии деҳаи Даштакро ба истифода доданд.
Пули наққлиётӣ дар деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа дар доираи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо ҷалби шарикони рушд бо сифати баланд сохта шудааст ва ду деҳаро бо ҳам мепайвандад.
Дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд:
«Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Ғайр аз ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 4 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 740 миллион сомонӣ идома доранд.
Дар доираи лоиҳаҳои амалигардида сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардонидану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.
Тибқи таҳлилҳо иқдомоти то имрӯз амалигардида ба хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат намудаанд.
Илова бар ин, бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ гардида истодааст, ки дар он иҷрои 92 лоиҳа ба маблағи умумии 222 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст».
Дар ноҳияи Ишкошим, 13 октябри соли 2024:
«Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ишкошим заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар даҳ соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, бо истифода аз табиати зебову нотакрор, обҳои мусаффо, мавҷудияти чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин, Зонг, ҳайвоноти нодир ва дигар имкониятҳои мусоиди ноҳия таъмин намудани рушди сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва шикор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024 – 2026-ро ҷоннок намуда, дар заминаи он лоиҳаҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида тавонанд».
Дар Хоруғ, 14 октябри соли 2024:
«Бо дарназардошти он ки масъалаи роҳҳои бехатари нақлиётӣ яке аз мушкилиҳои асосии мардуми вилоят дар давраҳои гузашта ба ҳисоб мерафт, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои бартараф намудани он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин равандро имрӯзҳо босуръат идома дода истодааст.
Бояд гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба мо муяссар гардид, ки дар душвортарин мавзеъҳо, яъне дар ҷойҳое, ки даҳсолаҳои зиёд бунёди роҳҳоро дар онҳо ғайриимкон медонистанд, роҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ бунёд кунем.
Ва ба ҳамин васила, робитаи нақлиётии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо пойтахти мамлакат, дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва мамолики хориҷӣ дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем.
Ҳамин иқдомоти амалинамудаамон ҳоло ба рафтуомади бехатари шаҳрвандон ва хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии вилоят мусоидат карда истодаанд.
Тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо ҳамсоякишвари бузургамон – Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Танҳо дар сарҳад бо Афғонистони ҳамсоя панҷ пули муосир сохта, ба истифода дода шуд ва тавассути онҳо фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки ду сол пеш оғоз гардида буд, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда истодааст, ки дар оянда барои дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд.
Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ оид ба бунёду азнавсозии роҳҳо дар ҳудуди вилоят ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Лоиҳаҳои бунёду таҷдиди роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр) ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Инчунин, дар ин давра барои вилоят 75 техникаву нақлиёти роҳсозӣ ва таҷҳизоти муосир харидорӣ карда шудааст.
Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд.
Лоиҳаҳои зикршуда дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд».
Манбаъ: www.President.tj