Камбудиҳои хизматрасонии мусофиркашонии таксиро
дар шаҳри Душанбе бартараф менамоем
Санаи 9 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Қурбонзода Д.Қ. – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар толори маҷлисии Хадамот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 январи соли 2024 баён гардиданд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматрасониҳои мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Ғаниев Ҳамзалӣ – Директори МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”, Исоев Хайрулло – Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Манонзода Ҷумахон – Муовини Сардори Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти мусофирбарии таксӣ, роҳбарияту сардорони бахшу шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ширкат доштанд.
Дар ҷаласа Қурбонзода Д.Қ. қайд намуд, ки соҳаи нақлиёт, дар пешрафти иқтисодиёти миллии кишвар нақши муҳимро мебозад ва зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ ҳамарӯза аз хизматрасониҳои нақлиётӣ, бахусус хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти таксӣ васеъ истифода мебаранд. Гарчанде бо ворид гардидани воситаҳои наклиёти автомобилии нави замонавии муосир сатҳу сифат ва маданияти хизматрасониҳои мусофирбарӣ нисбати солҳои қаблӣ ба маротиб хубтару беҳтар гардида бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам камбудиву норасоӣ ва қоидавайронкуниҳои зиёде дар рафти хизматрасониҳои онҳо ба назар мерасад. Ҳарчанд фаъолияти онҳо аз ҷониби мақамотҳои назорати давлатӣ ҳамарӯза назорат бурда, нисбати коидавайронкуниҳояшон чораҳои дахлдор андешида мешаванд, вале ин нокифоя мебошад. Бояд ки назорат ва танзими кори ҳар як воситаи нақлиёт бевосита аз тарафи худи ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти таксӣ роҳандозӣ гардад.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматрасониҳои мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе 1 моҳ ба роҳбарияти корхонаву ҷамъиятҳои хизматрасонии мусофирбарӣ муҳлат дода, масъулини Хадамотро вобаста намуд.
Дар идомаи ҷаласа кормандони Хадамот ва меҳмонон баромад намуда, фикру ақидаҳои худро роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи ин рузномаи ҷаласа иброз намуданд.
Дар фарҷом вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.