Замима
ба фармоиши Сардори
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
аз «17» январи соли 2025, №06
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ
дохилиидоравии амалисозии барномаи идоравӣ (соҳавӣ)-и зиддикорупсионии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2025
ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”
| № | Номгӯи чорабиниҳо | Мақсад (натиҷаҳои маъмулӣ)-и дар назардошташуда | Муҳлати иҷро | Иҷрокунандагон |
| 1 | Шарҳи мазмуну мундариҷа ва таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 | Ба низом даровардани рафти таъмини иҷрои Стратегия | Ҳар семоҳа | Роҳбарият, шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ |
| 2 | Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо бо роҳи гузаронидани озмун, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия, ҷойивазкунии (ротатсия)-и хизматчиёни давлатӣ ҳамчун чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ | Пешгирӣ намудани коррупсия дар байни хизматчиёни давлатӣ | Мунтазам | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ |
| 3 | Роҳандозӣ намудани чораҳо вобаста ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҷавони давлатӣ ва таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионии онҳо | Баланд бардоштани руҳияи хизматчиёни ҷавони давлатӣ | Давоми сол | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Шуъбаи баҳисобгирию муҳосибавии Дастгоҳи марказӣ ва вощидщои сохтории Хадамот |
| 4 | Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои иҷозатномадиҳӣ, сертификатсиякунонӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуии комплекси нақлиётӣ, инчунин вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа | Баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии кормандони соҳа | Мунтазам | Роҳбарият, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Шуъбаи ҳуқуқ, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот |
| 5 | Тақвият додани низоми электронии пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолият дар ин соҳа | Бартараф намудани омилҳои инсонӣ | Мунтазам | Роҳбарият, Шуъбаи баҳисобгирию муҳосибавӣ, Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот |
| 6 | Амали намудани чораҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ баҳри кам намудани робитаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо хизматчиёни давлатӣ, инчунин фаъол нигоҳ доштани сомонаи Хадамот | Аз байн бурдани омилҳои инсонӣ | Давоми сол | Роҳбарият, Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот |
| 7 | Насб намудан ва амалӣ намудани фаъолияти доимии камераҳои мушоҳидавӣ дар бинои Хадамот, воҳидҳои сохторӣ, инчунин дар нуқтаҳои назоратию вазнченкунӣ | Ошкор намудани сабаб ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва аз байн бурдани онҳо | Мунтазам | Роҳбарият, Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ, Бахши ташкили корҳо ва воҳидҳои сохтории Хадамот |
| 8 | Гузаронидани таҳлилҳои фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва татбиқи амалии нақшаҳои мукаммал тибқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) | Ошкор намудани хавфҳои идоравӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо | Мунтазам | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои маъсус, Бахши ҳуқуқ, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи маказӣ ва воҳидҳои сохторӣ |
| 10 | Вусъат додани раванди бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани хизматчиёни давлатӣ, ҷудо намудани қарзҳои бефоиз ва дарозмуддат барои сохтмони манзили истиқоматӣ. Бо ин мақсад таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо | Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ | Мунтазам | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои маъсус, Бахши ҳуқуқ ва Ташкилоти ибтидоии итифоқи касаба |
Эзоҳ:
- Бахшу шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлатҳои пешбинигардида таъмин намуда, оид ба корҳои анҷомдода ба Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ бо ҷамъбасти ҳар семоҳа ҳисоботи хаттӣ ва рақамӣ (электронӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод намояд;
- Шуъбаи ҳуқуқ маълумотҳои заруриро ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст намуда, ба Сардори Хадамот манзур намояд.
Сардори
Шуъбаи ҳуқуқ Сангинов Д.Ш.
Шахси масъул Исоев Р.