Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёт

Нақшаи корӣ

НАҚШАИ КОРИИ

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ БАРОИ СОЛИ 2024

Номгӯи чорабиниҳоИҷрокунандагонМӯҳлати иҷро
1Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати татбиқи вазифаҳои марбут ба назорат ва танзими соҳаи нақлиётРоҳбарияти Хадамот, Шуъбаҳои иқтисод ва иттилоот, кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ                     ва воҳидҳои сохтории Хадамотмоҳҳои январ – март
2Татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар зикр гардидаандРоҳбарияти Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдавоми сол
3Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод намудани сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва басти вазифаҳои Хадамот барои соли 2024Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва  иқтисод ва иттилооти Дастгоҳи марказии Хадамотмоҳи январ
4Иштирок ва мусоидат намудан дар раванди таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи нақлиёт барои соли 2025 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2026 – 2027Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва  иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамотдавоми сол
5Назорати риоя ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт ва созишномаҳои байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудаастМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
6Назорат оид ба тибқи нақша гузаронидани санҷишҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»Сардори Хадамот, Муовинони сардори Хадамот,  Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Бахши ҳуқуқ, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи нақша
7Санҷиши фаъолияти корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, МДНРА ва ИХРА-ҳо вобаста ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт, роҳдорӣ ва риояи шарту талаботҳои иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории ХадамотТибқи фармоиш ва нақша
8Таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ваколатҳои вогузоршудаМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва  воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
9Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини муқаррароти қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025»Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмоҳҳои апрел–октябр
10Таъсиси гуруҳи корӣ оид ба муайян намудани бақияи маводи зидди лағжиш, сузишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум ва ҳолати омодагии техникаву механизмҳо ба давраи мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
11Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳа, иштирок дар кори комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба вазифаҳои вогузоршудаМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи тартиб
13Дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ андешидани чораҳои дахлдори маъмурию интизомӣ нисбат ба қоидавайронкунандагонРоҳбарияти Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи тартиб
14Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020 №706 “Дар бораи Барномаи ҷори намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои солҳои 2021-2024”Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо ва воҳидҳои сохторӣтибқи муҳлатҳои муқарраргардида
15Ташкил ва гузаронидани корҳои нозиротӣ дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар самтҳои: –  ташкили ҳамлу нақли мусофиркашонӣ тибқи талаботи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; – риояи шарту талаботҳои иҷозатдиҳӣ, беҳтар намудани шароитҳои корӣ, мутобиқати базаи моддӣ – техникӣ, азнавсозии парки автомобилӣ ва мавҷудияти экипировкаи мувофиқаткунанда; – баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муносибат ва муоширати дуруст бо мусофирон, шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳонМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
16Ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои маърифатию ҳуқуқӣ дар доираи соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандонШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус,  Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
17Ташкил ва гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсустибқи нақша
18Таъмини назорати рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои амалишудаистодаи соҳаи роҳдорӣ, таъмири ҷории роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории онҳо аз ҷониби МДНРАМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо ва воҳидҳои сохтории Хадамотдавоми сол
19Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва забондонии кормандон, даъват намудани мутахассисони соҳавӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус                        ва воҳидҳои сохтории Хадамотто нимсолаи аввал
20Назорати раванди татбиқи саривақтии Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №165)Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ                                ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
21Таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
22Таъмини иҷрои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудаастМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва  иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории ондар муҳлатҳои муқарраршуда
23Назорат, ташкил  ва гузаронидани  чорабиниҳои мақсаднок дар нуқтаҳои вазнченкунӣ, корхонаҳои коркарди қуму шағал, корхонаҳои истеҳсоли семент ва конҳои ангишт оид ба пешгирӣ намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн, ҷиҳати  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки  аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» ва инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2014 №535  ва  аз 08.11.2011 №569 ва Кодекси нақлиёти автомобилӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи ҷадвал
24Ба роҳ мондани корҳои нозиротии такрорӣ дар корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ вобаста ба муайянсозии бартараф шудани камбудиву норасоиҳои қаблан ошкоргардида ва дар ҳолати бартараф нашудани камбудиҳо андешидани чораҳои зарурӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи ҷадвал
25Назорат намудани истифодаи дуруст ва самараноки тарозуҳои баркашии  мавҷуда ва пайваст намудани онҳо ба маҳзани ягонаи электронии назоратӣ, дар нуқтаҳои вазнченкунӣ марҳила ба марҳила насб намудани тарозуҳои статсионарии рақамӣМуовинони сардори Хадамот, КВД “МСКХСН” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамотдавра ба давра
26Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва  иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории онмунтазам
27Назорат оид ба пурра ворид намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сертификат ва рухсатномаҳо ба барномаҳои рақамӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
28Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ, хизматрасонии техникӣ, хоҷагии роҳҳо ва роҳи оҳан вобаста ба фарогирии фаъолияти онҳо бо иҷозатнома ва сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, инчунин риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи нақша
29Гузаронидани ҷаласаҳои назоратии сардори Хадамот бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот оид ба масъалаҳои корӣ (инчунин тариқи маҷозӣ)Сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотҳар ҳафта рўзи душанбе соати 1000
31Назорат ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” оид ба ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ва варақаҳои назоратӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдоимӣ
32Гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва машғулиятҳои амалӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дурусти вазифаҳо тибқи дастурамалҳои мансабии кормандонШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдоимӣ
33Гузаронидани корҳои нозиротӣ ҷиҳати риояи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани тартиби истифодаи киштиҳои хурдандоза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 05.11.2002, №438 “Оиди ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти обӣ”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддадавоми сол
34Ташкил намудани рейдҳо ва гузаронидани Амалиёти “Роҳхату борхат” бобати фарогирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳхату борхат ва ба ин васила баланд бардоштани нишондиҳандаҳои оморӣ, назорат додани CMR, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо МД “НАХЛ”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи нақша
35Назорати аз ҷониби воҳидҳои сохтории Хадамот гузаронидани корҳои нозиротӣ дар нуқтаҳои муоинаи тиббӣ ва техникии корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи нақша
36Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон гузаронидани дарсҳои маърифатӣ оид ба шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи нақлиётШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
37Назорати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2006, №214 “Дар бораи Қоидаҳои истифодабарии ҳамшафати роҳҳои автомобилгард”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдоимо
38Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маҷлисҳо дар байни кормандон вобаста ба иҷрои саривақтии супоришҳои Протоколии Сардори ХадамотШуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, иқтисод ва иттилоот, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотҳар ҳафта
39Ҳамкорӣ намудан бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, мақомотҳои Прократура, Гумрук, Хадамоти иҷро ва РБДА ВКД Ҷумҳурии ТоҷикистонМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ                   ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
40Назорат ва санҷиши фаъолияти кормандони шуъбаю бахшҳои воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, тартиби пўшидани либоси хизматӣ ва интизоми меҳнатШуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
41Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар хатсайрҳои корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, ҷиҳати таъмин намудани ҳаракти муътадил ва бонизоми нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ дар роҳҳои автомобилгардМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ                     ва воҳидҳои сохтории Хадамотдоимӣ
42Риоя ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.11.2011, №569                   “Дар бораи ҷори намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум”Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказии Хадамоттибқи муҳлат
43Таҳлил ва баррасии маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии ТоҷикистонМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказии Хадамотдоимӣ
44Ташкил ва гузаронидани рейдҳои мақсаднок бо мақомоти назоратӣ (БДА, Прократура, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ) ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳо ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдавоми сол
45Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ вобаста ба ворид намудани протоколҳо ба барномаи рақамӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандонМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, Бахшҳои ҳуқуқ ва рақамикунонӣ ва таъминоти техникии Дастгоҳи марказии Хадамоттибқи нақша
46Пурзўр намудани фаъолияти гурўҳҳои сайёр дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва назди корхонаҳои истеҳсолӣ, истиғроҷ, коркарди қуму шағал ва интиқолӣ бо мақсади пурра бартараф намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм, ки бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамояндМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ                ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи ҷадвал
47Таҳия ва тасдиқ намудани нақшаҳои кории гуруҳҳои сайёр ва вобастакунии кормандон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар дидбонгоҳҳо, дидбонгоҳҳои РБДА ВКД ҶТ, нуқтаҳои вазнченкунӣ, корхонаҳои коркарди қуму шағал, корхонаҳои истеҳсол ва интиқоли семент ва ангишт ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн ва ҳимоя аз вайроншавии бармаҳали роҳҳоСардор,  Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотвобаста ба зарурият
48Назорати риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22.06.2023, №1968 ва тибқи муқаррароти он додани иҷозатнома ба субъектони фаъолияти хоҷагидорӣРоҳбарияти Хадамот, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
49Ба роҳ мондани фаъолияти нозиротии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот дар нуқтаҳои назоратӣ тибқи ҷадвали ҷойгиркунонӣ (дислокатсия)Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат                        ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ             ва воҳидҳои сохтории Хадамотвобаста ба зарурият
50Пешниҳод намудани кормандони пешқадам барои ҳавасмандгардонӣ, додани рутбаҳои тахассусии навбатии хизматчии давлатӣ, ичунин татбиқи чораҳои интизомӣ нисбати қоидавайронкунандагонМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
51Дар рафти санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти машваратдиҳӣ ва тавсиядиҳӣ, инчунин, пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамояндСардор,  Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоттибқи нақша
52Ҳамкорӣ намудан ба воситаи ахбори омма, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ҷихати бартараф намудани камбудию норасогиҳо дар фаъолияти соҳаи нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, омода намудани барномаҳои телевизионӣ оиди корҳои безараргардонӣ дар соҳаи нақлиёт вобаста ба пешгирии ҳама гуна омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
53Иштироки фаъолонаи кормандони Хадамот дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии банақшагирифташудаШуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамоттибқи нақша
54Расонидани кўмаки хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хона-интернатҳо, маъюбон, ятимон ва бепарасторонТашкилоти ибтидоии иттифоқи касабамунтазам
55Омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани рўзҳои  ид: – Соли нави мелодӣ-1 январ; – Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 23 феврал; – Рўзи Модар-8 март; – Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март; – Иди байналмилалии Наврўз- 21-24 март; – Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май; – Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ– 9 май; – Рўзи байналмилалии оила – 15 май; – Рўзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май; – Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон – 1 июн; – Рўзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн; – Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ – 25 июл; – Рўзи кормандони роҳи оҳан – 17 август; – Рўзи дониш – 1 сентябр; – Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр; – Рўзи роҳсозон – якшанбеи дуюми моҳи сентябр; – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр; – Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр; – Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр; – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр; – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр; – Рўзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр; – Иди Рамазон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муққаррар карда мешавад; – Иди Қурбон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавадРоҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамотдавоми сол
56Таъмини иҷрои амру фармоишҳо, мактуб ва дархостҳои воридшудаРоҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамоттибқи тартиби муқарраргардида
57Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон                “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”Муовинони сардор ва шуъбаю бахшҳои ҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
58Риоя ва таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”Муовинони сардор ва шуъбаю бахшҳои ҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотмунтазам
59Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои техникӣ ва ташкилӣ барои пайваст шудан ба низоми “Равзанаи ягонаи ба расмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”Роҳбарият, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамотдавоми сол
60Таҳия ва тасдиқ намудани ҷадвали маҷлисҳои ҷамъбастии воҳидҳои сохтории Хадамот оид ба фаъолият ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаМуовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории ХадамотСемоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа, солона
61Пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолият дар давраи ҳисоботӣШуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамотохири моҳ ва ҳар се моҳ

Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус: Мудинзода С.М.

Сардори Шуъбаи баҳисобгирию муҳосибавӣ: Исматов Н.И.

Сардори Шуъбаи иқтисод ва иттилоот: Давлатзода З.Ҳ.

Мудири Бахши ҳуқуқ: Сангинов Д.Ш.

Мудири Бахши барномаҳои рақамӣ ва таъминоти техникӣ: Мирзоев А.