- 1. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Муовини сардори Раёсат
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1.1 Номи мансаб – муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 1.2 Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи дуюм мансуб аст.
- 1.3 Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамот, муовинони ӯ ва сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 1.4 Муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 1.5 Ба муовини сардори Раёсат сардорони шуъбаҳои ноҳиявӣ, мудирони бахшҳои ноҳиявӣ, сардори шуъбаи нозиротӣ, мудири бахши иҷозатномадиҳӣ, сармутахассис (нозири кадрҳо), мудири бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ, мудири бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан ва сармутахассис оид ба хоҷагии роҳҳо ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 1.6 Дар давраи муваққатан ҳозир набудани муовини сардори Раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сардори шуъбаи нозиротии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вогузор карда мешавад.
- 1.7 Муовини сардори Раёсат бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 1.8. Барои мансаби муовини сардори Раёсат талаботи тахассусии зерин муқарар карда мешавад:
- – Таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер «ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мшавад»);
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм, 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- – Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи маҷмааи нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ухдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медароранд:
- – Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
- – Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – Мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;
- – мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотиро доро бошад.
- 1.9 Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар бояд ба талаботи махсус ҷавобдиҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад;
- 2. Уҳдадориҳои мансабии муовини Сардори Раёсат
- 2.1. Назорати фаъолияти кормандони зерсохторҳои Раёсатро анҷом медиҳад ва ба сардори Раёсат пешниҳод манзур менамояд.
- 2.2. Маводҳои воридотиро ба кормандони Раёсат барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро назорат ва таъмин менамояд.
- 2.3. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои баррасӣ намудан ба воҳидҳои сохтории дахлдори Раёсат ирсол менамояд ва иҷроиши онҳоро дар муҳлат таъмин менамояд.
- 2.4. Вобаста ба муроҷиати шахсонӣ ҳуқуқӣ ва воқеъи ҳуҷҷатҳои назорати, варақаи назоратии шакли муқарраршуда мекушояд ва пешбурди онро таъмин менамояд;
- 2.5. Дар асоси гузориши роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва розигии роҳбарияти Раёсат муҳлати маводи назоратиро тамдид ё аз назорат хориҷ мекунад;
- 2.6. Маълумот оид ба вазъи интизоми иҷроия ва натиҷаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратшавандаро дар санаи охирини ҳар моҳ ҷамъбаст карда, ба Сардори Раёсат пешниҳод менамояд;
- 2.7. Оид ба натиҷаи иҷрои ҳуҷҷатҳои аз мақомоти давлатӣ воридгардида гузориши ҳармоҳа таҳия намуда ба Сардори Раёсат пешниҳод менамояд.
- 2.8. Нақшаи кори Раёсатро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 2.9. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкил намудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 2.10. Ба кормандони Раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 2.11. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2.12. Дигар супоришҳои сардори Хадамот ва сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 2.13. Дар корҳои нозиротӣ вобаста ба назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, назорати ҳолати роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ иштирок менамояд, ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар макомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 2.14. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 2.15. Фаъолияти кормандонро дар минтақаҳои назоратии вобастшуда ва нуқтаҳои назоратӣ, инчунин ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, санадҳо ва огоҳиномаҳо дар зерсохторҳои Раёсат назорат менамояд.
- 15. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 16. Барои баланд бардоштани саввияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии кормандони Раёсат дарсҳои маърифатӣ ташкил менамояд ва оиди пешгирӣ ва барҳам додани омилҳои характери ҷиноятӣ ва коррупсиони дошта дар фаъолияти кормандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
- 3. Ҳуқуқҳои муовини сардори Раёсат
- 3.1 Муовини сардори Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- – дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти Раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- – бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- – барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти Раёсат ба сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти Раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифҳои худро барои такмили кори Раёсат пешниҳод намояд;
- – чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ баррасӣ намояд;
- – арзу шикоятҳои воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- – иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз кормандони Раёсат талаб намояд;
- – дурустӣ ва саривақтӣ супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд;
- – дар ҳолати набудани сардори Раёсат ҳуқуқи имзо гузоштанро ба ҳуҷҷатҳои содиротӣ дорад(ба истиснои ҳуҷҷатҳои молиявӣ);
- – барои ҳавасмандгардонии кормандони Раёсат, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гардиданд, ба сардори Раёсат пешниҳод манзур менамояд.
- 3.2. Муовини сардори Раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
- 4. Масъулияти муовини сардори Раёсат
- 4.1. Муовини Сардори Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сиррихизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифодабурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Муовини Сардори Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 5.1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба муовини сардори Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад ва дар ҳолати такмили сохтор, таҷлили воҳидҳои сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсат мегарданд, дастурамали мансабӣ аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 2. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Сардори Шуъба
- 1. Муқарароти умумӣ
- 1.1. Номи мансаб – сардори Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб аст.
- 2.2. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва муовини сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 3.3. Сардори Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот бо риояи талаботҳои тахассусӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 4.4. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори Шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи сармутахассиси шуьба вогузор карда мешавад.
- Сардори шуъба бо шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар макомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 5.5. Ба сардори Шуъба сармутахассисони шуъба, мутахассисиси пешбари шуъба ва мутахассиси шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 6.6. Барои мансаби сардори Шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ,муҳандис-менеҷер ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад) 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ донистани Конститутсия, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъин мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ
- 7.7. Сардори шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони Шуъба, риояи интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро анҷом медиҳад.
- 2. Маводҳои воридотиро ба кормандони шуъба барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.
- 3. Лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони шуъбаро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбарои хадамоти кадрӣ ба тасдиқи сардори Раёсат пешниҳод менамояд муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
- 4. Нақшаи кори шуъбаро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, барои тасдиқ ба сардори Раёсат пешниҳод менамояд, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 5. Ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи фаъолияти кормандони шуъбаро қабул ва баҳогузорӣ менамояд.
- 6. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкил намудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 7. Ба кормандони шуъба дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 8. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- Дигар супоришҳои сардори Раёсат ва муовини сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 9. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иозатнома, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, маводҳои тобеъияти судӣ доштаро дар муҳлати муқараргардида ба мақомоти судӣ ирсол менамояд.
- 10. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 11. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 12. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 13.Маводҳои дахлдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
- 14.Дар тарғиби фаъолияти хизматчиёни давлатӣтариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
- 15. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳукуқиро баррасӣ менамояд.
- 16. Ҷиҳати баҳогузории фаъолияти солонаи кормандони шуъба иштирок мекунад ва ҳисобот пешниҳод менамояд.
- 3.2. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд
- 18. Ба фаъолияти кормандони шуъба ҷиҳати пешгирӣ ва содир нагардидани омилҳои ҷиноятӣ ва характери коррупсионидошта назорат менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- – Сардори шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- – бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба сардор ё муовини сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро барои такмили кори шуъба пешниход намояд;
- – мувофиқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад;
- – арзу шикоятҳои ба шуъба воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- оидиҷойивазкунии кормандон, ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, ҳавасмандгардонӣ ва додани муҷозоти интизомӣ, ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намояд;
- – барои боз доштани муҳлати амали иҷозатномаи субъектҳои нақлиётӣ ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод ирсол намояд;
- – иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз нозирони шуъба талаб намояд;
- – санҷидани дурустӣ ва саривақти супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд;
- ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба дахл доранд, ташкил намояд ва гузаронад;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Раёсат ба Сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои
- минтақавии Раёсат намояндагӣ кунад;
- – сардори шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- 4. Масъулияти сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад;
- -барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- -барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- -барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- -барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳо муқарраргардида;
- -барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- -барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- -барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад.Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаиноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад
- 3. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мудири Бахш
- 1. Муқарароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мудири Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансубаст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва муовини сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мудири Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот бо риояи талаботҳои тахассусӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири бахш, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи мутахассиси пешбари бахш вогузор карда мешавад.
- 6. Мудири Бахш бо Бахши нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 7. Ба мудири Бахш мутахассисиси пешбари бахш ва мутахассиси бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 8. Барои мансаби мудири бахш талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- – таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ,
- муҳандис-менеҷер ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад);
- – 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқа иумумии меҳнатӣ;
- Донистани Конститутсия, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ;
- – Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъин
- мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- 9. Мудири бахш бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони бахш, риояи интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро анҷом медиҳад.
- 2. Маводҳои воридотиро ба кормандони бахш барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.
- 3. Лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони бахшро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбарои 4.Хадамоти кадрӣ ба тасдиқи сардори Раёсат пешниҳод менамояд.
- 5. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
- 6. Нақшаи кори бахшро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, барои тасдиқ ба сардори Раёсат пешниҳод менамояд, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 7. Ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи фаъолияти кормандони бахшро қабул ва баҳогузорӣ менамояд.
- 8. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкилнамудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 9. Ба кормандони бахш дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 10. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- Дигар супоришҳои сардори Раёсат ва муовини сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 11. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома,протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, маводҳои тобеъияти судӣдоштаро дар муҳлати муқараргардида ба мақомоти судӣ ирсол менамояд.
- 12. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати боркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 13. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 14. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 15. Маводҳои дахлдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
- 16. Дар тарғиби фаъолияти хизматчиёни давлатӣ тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
- 17. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳукуқиро баррасӣ менамояд.
- 18. Ҷиҳати баҳогузории фаъолияти солонаи кормандони бахш иштирок мекунад ва ҳисобот пешниҳод менамояд.
- 19. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 20. Ба фаъолияти кормандони бахш ҷиҳати пешгирӣ ва содир нагардидани омилҳои ҷиноятӣ ва характери коррупсионидошта назорат менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Мудири бахш дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти бахш дахлдошта вақабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- 2. Бо тартиби муқарар гардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти бахш ба сардор ё муовини сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- 3. Дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдошта таклиф пешниҳод намояд дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро барои такмили кори бахш пешниход намояд;
- 4. Мувофиқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад арзу шикоятҳои ба бахш воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- оиди ҷойивазкунии кормандон, ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, ҳавасманд гардонӣ ва додани муҷозоти интизомӣ, ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намояд;
- 5. Барои боз доштани муҳлати амали иҷозатномаи субъектҳои нақлиётӣ ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод ирсол намояд иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз нозирони бахш талаб намояд;
- санҷидани дурустӣ ва саривақти супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, ташкил намояд ва гузаронад ҷиҳати таҳкими фаъолияти бахш ва Раёсат ба Сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд
- 6. Бахшро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои Раёсат намояндагӣ кунад;
- 7. Мудири бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- 4. Масъулияти мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Мудири бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳоиРаёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул бахизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва/ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳоимуқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Мудири бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобаста кардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мудири бахши ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сардори бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад
- 4. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Сармутахассиси Шуъба
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансубаст ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 3. Сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- 4. Сармутахассиси Шуъба бо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомати БДА ва прокуратура, вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳаи нақлиёт ҳамкорӣ менамояд.
- 5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассис Шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зимимаи муттахассиси пешбари шуъба вогузор карда мешавад
- 6. Барои мансаби сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- 7. Таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис – механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер)
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- 8. Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- 9. Сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад Дастурамали Мансабии сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
- 2. Ухдадориҳои мансабии сармутахассиси
- шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи шуъба, дастурамали мазкур ва дастуроти сардори шуъба иҷро мекунад.
- 3. Оиди корҳои нозиротии ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба сардори шуъба маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Дар вақти гузаронидани назорати фаъолиятҳои иҷозатномашавандаи комплекси нақлиётӣ, ҳолатҳои муайян кардани бидуни иҷозатнома фаъолият кардан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нашудани шарту талаботҳои иҷозатнома санад, «огоҳинома» бо мухлати бартараф намудани камбудиҳо тартиб медиҳад.
- 5. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 6. Дар асоси дастуроти сардори шуъба дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 7. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 8. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо ва додани «огоҳиномаҳо» дуруст ба роҳ мемонад.
- 9. Бо супориши сардори шуъба дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 10. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд дигар супоришҳои сардори Раёсат ва сардори шуъбаро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Сармутахассиси шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд дар барассии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- 2. Барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба сардори шуъба таклиф пешниҳод намояд санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои КВД «МСКХСН» назорат менамояд дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта,таклиф пешниҳод намояд.
- 3. Дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба дахлдоранд, иштирок намояд;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Раёсат таклиф пешниҳод намояд.
- 4. Масъулияти сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулият ҳомебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали Мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
- 4.3. Барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1.Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2.Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 5. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мутахассиси пешбар
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансубаст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири Бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- 5. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявӣ бо намояндагони мақомоти назоратии соҳаи нақлиёти маҳали ҳамкорӣ менамояд.
- 6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири Бахш иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зимимаи мутахассиси пешбари бахш вогузор карда мешавад.
- 7. Барои мансаби мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад.
- Таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис- механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер).
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медароранд.
- 8. Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- 9. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявӣ бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари
- бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи нақлиётро дар фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи бахш, дастурамали мансабии мазкур, нақшаи кории бахш ва дастуроти мудири бахш иҷро мекунад.
- 3. Оид ба корҳои нозиротии ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба мудири бахш маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, бо моддаҳои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 5. Дар асоси дастуроти мудири бахш дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 6. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 7. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 8. Бо супориши мудири бахш дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 3.2. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 9. Дигар супоришҳои мудири бахшро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат
- 3.1 Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;
- дар барассии масъалаҳои ба фаъолияти бахш дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- Барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти бахш ба мудири бахш таклиф пешниҳод намояд;
- 3.2 Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- -дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, иштирок намояд;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти бахш ва Раёсат таклиф пешниҳод намояд.
- 4. Масъулияти мутахассиси пешбари бахши
- ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳо Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- 4.2. Барои пешниҳод накардани маълумоти дурус тҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.3. Барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 4.4. Барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳури Тоҷикистон муқаррарнамудаанд.
- 4.5. Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондода шуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари бахши ноҳиявӣ бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ, азнавташкилдиҳии бахш ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 6. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мутахассис
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири Бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 5. Мутахассиси Бахши ноҳиявӣ бо воҳидҳои сохтории иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти БДА ва прокуратураи ноҳиявӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои нақлиётӣ ва соҳаи хоҷагии роҳҳо ҳамкорӣ менамояд.
- 6. Барои мансаби мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад, таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис- механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер) ё миёнаи техникии соҳавӣ;
- Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси бахшро ба танзим медароранд;
- – Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- 7. Мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси
- Бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи бахш, дастурамали мансабӣ, нақшаи корӣ ва дастуроти сардори Щахш иҷро мекунад.
- 3. Оид ба корҳои ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба сардори бахш маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Дар вақти гузаронидани назорати фаъолиятҳои иҷозатномашаванда, «огоҳинома» бо муҳлати бартараф намудани камбудиҳо тартиб медиҳад ва бо моддаҳои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 5. Дар асоси дастуроти сардори бахш дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 6. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 7. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- 8. Бо супориши сардори бахш дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 9. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 10. Дигар супоришҳои сардори бахшро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат
- Мутахассиси бахш дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;
- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, иштирок намояд;
- -мутахассиси бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- 4. Масъулияти мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат
- 14.1. Мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳоиРаёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул бахизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб додашуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйирёфтани уҳдадориҳои мансабии мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.