Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёт

ВАЗИФА, ҲАДАФҲО ВА АРЗИШҲО

Вазифаи мо

Баланд бардоштани бехатарӣ дар соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби пешгирии самараноки хавфҳо (бехатарӣ дар нақлиёт – аз модели таҳримҳо ба модели шарикӣ).

Ҳадафҳои мо

1. Таҳия ва татбиқ дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷмӯи мутавозини чорабиниҳо, ки ба баланд бардоштани сатҳи камолоти идоракунии равандҳои сатҳҳои гуногун ва самаранокии фаъолияти Хадамот дар маҷмӯъ, равандҳои идоракунии стратегӣ ва амалиётӣ, равандҳои идоракунии кадрҳо, сохтори ташкилӣ ва самаранокӣ нигаронида шудаанд;

2. Такмили фаъолияти назоратӣ ва баланд бардоштани самаранокии он.

Арзишҳои мо

1. Кам кардани хавфҳо ва пешгирии таҳдидҳои бехатарӣ дар соҳаи нақлиёт;

2. Баланд бардоштани касбияти ҳайати нозирони Хадамот;

3. Баланд бардоштани сатҳи рушди илмӣ-технологӣ ва маърифатӣ дар соҳаи нақлиёт.