МАЪЛУМОТНОМА

маълумотнома
ҚУРБОНЗОДА ДАЛЕР ҚУРБОН
Аз 29 сентябри соли 2022 дар мансаби Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд - 12 майи соли 1987 Ҷои таваллуд - н.Данғара
Миллат - тоҷик Таҳсилот - олӣ
Соли 2009 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос - роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ, идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқӣ
Унвони илмӣ - надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - (бо медали «Хизмати шоиста» аз 15.08.2022 №417)
Вазъи оилавӣ - оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2009-201 3- муҳандис оид ба озмоишгоҳ ва маводҳо дар қитъаи №2-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Данғара «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи Душанбе – Чанак», шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2015 - муҳандис оид ба назорат дар Қитъаи №2-и роҳи автомобилгарди Душанбе - Данғара «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи Душанбе – Чанак», шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2016 - сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2016-2017 - сармутахассис оид ба масъалаҳои гумрукии Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2018 - менеҷери лоиҳаи «Таҷдид ва беҳтарнамудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, шаҳри Душанбе
Солҳои 2018-2022 - Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз сентябри соли 2022 то ҳоло - Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
© 2025 Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёт

маълумотнома
РАҲИМЗОДА МИРЗОШАРИФ УБАЙДУЛЛО
Аз 01 октябри соли 2019 дар мансаби муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд - 27 январи соли 1964 Ҷои таваллуд - ноҳияи Восеъ
Миллат - тоҷик Таҳсилот - олӣ
Соли 1993 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ -ро хатм кардааст
Ихтисос - иқтисодиёт ва идоракуни дар нақлиёт
Унвони илмӣ - надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не - не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не - не
Вазъи оилавӣ - оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1981-1982 - Коргар дар совхози Муминобод-2
Солҳои 1982-1984 - Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди давлатҳои мустақил
Солҳои 1984-1987 - Ронанда дар совхози «Аврора»
Солҳои 1987-1988 - Шўъбаи тайёрии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ
Солҳои 1988-1993 - Донишҷўи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ
Солҳои 1993-1995 - Сариқтисодчии автокалонаи №2927
Солҳои 1995-1996 - Сармуҳосиби автокалонаи №2927
Солҳои 1996-1997 - Сариқтисодчии шўъбаи банақшагирӣ ва иқтисоди Иттиҳодияи нақлиёти автомобилӣ шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1998 - Муҳосиби шўъбаи ҳисоботӣ ТЭЦ -и шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-1999 - Таъминотчии шўъбаи таъминоти маводҳои техникии ҶСШК «Умед»
Солҳои 1999-2007 - Нозир, Нозири калон, ҷонишини сардори Инспексияи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2009 - Сардори шўъбаи назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Солҳои 2009-2011 - Сардори шўъбаи назорат ва танзими интиқоли байналмилалии автомобилии Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Соли 02.2011-10.2011 - Директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»
Солҳои 2011-2019 - Муовини сардори Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз октябри соли 2019 то ҳоло - Муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2025 Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёт

маълумотнома
АШУРЗОДА ФАРУХ
Аз 24 декабри соли 2022 дар мансаби муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Соли таваллуд - 1 июли соли 1974. Ҷои таваллуд - шаҳри Душанбе. Миллат – тоҷик, таҳсилот – олӣ, соли 2004 - Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Соли 2020 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ-ро хатм кардааст. Ихтисос - баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ. Унвони илмӣ - надорад Кадом забонҳои хориҷиро медонад - русӣ ва туркӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не. Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – (“Нақлиётчии фахрии Тоҷикистон” ва бо медали “Хизмати шоиста” аз 14.08.2024 №847, Медали ҷашнӣ бахшида ба 15 солагии қӯшунҳои зудамали қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷтктстон, Медали ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 70-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945, Медали ҷашнии “25-солагии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайр аз ин, санаи 06.04.2023 бо фармоиши Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №112 бо медали ҷашнии “30-солагии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст). Вазъи оилавӣ – оиладор. Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 1991-1996 Муҳосиби Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский»; Солҳои 1996-2000 Иқтисодчии ширкати MW «COSALTING-LTD» International; Солҳои 2000-2004 Менеҷери калони татбиқи техникаи компютерии Ширкати MW «COSALTING-LTD» International; Солҳои 2004-2006 Муовини сармуҳосиби ҶДММ «Интершок»; Солҳои 2006-2009 Директории тиҷоратии ҶДММ «Ясмин»; Солҳои 2009-2010 Муовини директории тиҷоратии ҶДММ «Миф»; Солҳои 2010-2011 Сардори шуъбаи бехатарии ҶСП ТАКХ «Спитамент Капитал»; Соли 2011-04.2011 Муовини директории тиҷоратии ҶДММ «Миф»; Солҳои 2011-2012 Директории генералии ҶДММ «Космос»; Соли 2012-09.2012 Сардори бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Солҳои 2012-2014 Менеҷери муносибатҳои байналмиллалӣ шуъбаи байналмиллалӣ ва намояндагиҳои ҶСК «Тоҷик Эйр»; Солҳои 2015-2016 Намояндаи генералӣ дар шаҳри Истамбул, ҶСК «Тоҷик Эйр»; Солҳои 2016-2019 Намояндаи генералӣ дар шаҳри Теҳрон, ҶСК «Тоҷик Эйр»; Соли 2022-11.2022 Мушовири директор оид ба рушди стратегӣ дар МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»; Соли 2022-12.2022 Сардори шуъбаи назорат ва танзим дар нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт. Аз декабри соли 2022 то ҳоло Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст.
© 2025 Хадамоти давлатии назорат ва танзим
дар соҳаи нақлиёт