- Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
- барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
- Дастгоҳи марказӣ
- 1. Сардори шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- 2. Сардори шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- 3. Сардори шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- 4. Мудири бахши коргузорӣ ва назоратӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2319,90 сомонӣ.
- 5. Сармутахассиси шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- 6.Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- 7. Сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- 8. Сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- 9. Сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- 10. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- 11. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли
- байналмилалии автомобилӣ
- 12. Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд”-и ноҳияи Ашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 13. Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ”-и ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 14. Мудири бахши гузаргоҳи сарҳадии “Овчӣ-Қалъача”-и ноҳияи Б.Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 15. Сармутахассиси шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Панҷи поён – Айвоҷ”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 16. Сармутахассиси шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 17. Мутахассиси пешбари шуъбаи гузаргоҳи сарҳадии “Дусти”-и ноҳияи Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 18. Мутахассиси шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- 19. Мутахассиси бахши гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд”-и ноҳияи Ашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1270,60 сомонӣ.
- Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе
- 20. Мудири бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ.
- 21. Мутахассиси бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- 22. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 23. Мутахассиси шуъбаи назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 24. Мутахассиси пешбар дар шуъбаи ноҳияи Шоҳмансур (оид ба назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 25. Мутахассиси пешбар дар шуъбаи ноҳияи И.Сомонӣ (оид ба назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 26. Мутахассис дар шуъбаи ноҳияи Сино-1 (оид ба назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- 27. Мутахассис дар шуъбаи нозиротӣ (оид ба назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- 28. Мутахассиси шуъбаи ноҳияи Шоҳмансур – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Бохтар
- 29. Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3281,30 сомонӣ.
- 30. Сардори шуъбаи шаҳри Бохтар – Леваканд – Кушониён – Вахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 31. Мудири бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ.
- 32. Мудири бахши иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ.
- 33. Мудири бахши ноҳияи Хуросон – А.Ҷомӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ.
- 34. Мутахассиси пешбари бахши нозиротӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 35. Мутахассиси пешбари шуъбаи Ҷ.Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷ – Дустӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 36. Мутахассиси пешбари бахши ноҳияи Хуросон – А.Ҷомӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 37. Мутахассиси шуъбаи шаҳри Бохтар – Леваканд – Кушониён – Вахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Кулоб
- 38. Сардори шуъбаи ноҳияи Данғара – Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 39. Мудири бахши иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 40. Мудири бахши нозиротӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 41. Сармутахассиси шуъбаи Данғара – Балҷувон– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 42. Мутахассиси пешбари шуъбаи Кулоб – Муминобод – Ш.Шоҳин – Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 43.Мутахассиси пешбари бахши Восеъ – Темурмалик – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 44. Мутахассиси шуъбаи Данғара – Балҷувон– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- 45. Мутахассиси бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо ва нақлиёти роҳи оҳан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Рашт
- 46. Сармутахассис (нозири кадрҳо) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 47. Мутахассиси пешбари шуъбаи шаҳри Ваҳдат – Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ
- Раёсати минтақавии Хадамот дар минтақаи Ҳисор
- 48. Сардори шуъбаи Ҳисор – Шаҳринав – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 49. Сардори шуъбаи шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 50. Мудири бахши баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100,45 сомонӣ.
- 51. Сармутахассис (нозири кадрҳо) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ.
- 52. Сармутахассис (оид ба хоҷагии роҳҳо) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ.
- 53. Сармутахассиси шуъбаи шаҳри Ҳисор – Шаҳринав – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 54. Сармутахассиси шуъбаи шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
- 55. Мутахассиси пешбари шуъбаи шаҳри Ҳисор – Шаҳринав – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- 56. Мутахассиси пешбари шуъбаи шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ
- 57. Мутахассиси пешбари шуъбаи ноҳияи Рудакӣ – Варзоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
- 58. Мутахассиси шуъбаи шаҳри Ҳисор – Шаҳринав – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- 59. Мутахассиси шуъбаи шаҳри Турсунзода – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
- Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд
- 60. Сардори шуъбаи шаҳри “Конибодом – Исфара” – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 61. Сардори шуъбаи минтақаи “Зарафшон -Панҷакент”-и шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 62. Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
- 63. Сармутахассис (нозири кадрҳо) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ.
- 64. Мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 65. Мутахассиси пешбари бахши “Истаравшан – Шаҳристон” – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 66. Мутахассиси пешбари бахши баҳисобгирию муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 67. Мутахассиси пешбари шуъбаи минтақаи “Зарафшон -Панҷакент”-и шаҳри Панҷакент– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ.
- 68. Мутахассиси бахши “Деваштич – Зафаробод” – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,60 сомонӣ.
- Раёсати Хадамот дар ВМКБ
- 69.Мудири бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2204,95 сомонӣ.
- 70. Мутахассиси бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- – 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилали, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- – малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
- мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- – 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- – 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
- Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- Барои иштирок дар озмун ҳуҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- – ариза ба унвони Сардори Хадамот (шакли муқарраргардида);
- – варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 3х4);
- – тарҷумаи ҳол;
- – нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;
- – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое,ки шахс собиқаи меҳнатӣ
- надорад);
- – маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- – нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- – маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- – нусхаи шиноснома;
- – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- – маълумотнома аз СИТ ВКД (оиди доштан ё надоштани доғи судӣ);
- – маълумотнома аз ҷои истиқомат.
- – маълумотномаи кадрӣ (справка-объективка);
- – хислатнома;
- – дело (скоросшиватель);
- Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар бинои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ш.Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов – 9/3қабул карда мешаванд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи нашри эълон на камтар аз 21 рӯз.
- Телефон барои тамос: 236-35-34 Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.
ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБӢ
- 1. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Муовини сардори Раёсат
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1.1 Номи мансаб – муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 1.2 Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи дуюм мансуб аст.
- 1.3 Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Хадамот, муовинони ӯ ва сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 1.4 Муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 1.5 Ба муовини сардори Раёсат сардорони шуъбаҳои ноҳиявӣ, мудирони бахшҳои ноҳиявӣ, сардори шуъбаи нозиротӣ, мудири бахши иҷозатномадиҳӣ, сармутахассис (нозири кадрҳо), мудири бахши баҳисобгирии муҳосибавӣ, мудири бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан ва сармутахассис оид ба хоҷагии роҳҳо ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 1.6 Дар давраи муваққатан ҳозир набудани муовини сардори Раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба сардори шуъбаи нозиротии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вогузор карда мешавад.
- 1.7 Муовини сардори Раёсат бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 1.8. Барои мансаби муовини сардори Раёсат талаботи тахассусии зерин муқарар карда мешавад:
- – Таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер «ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мшавад»);
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм, 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- – Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи маҷмааи нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ухдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медароранд:
- – Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
- – Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – Мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;
- – мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотиро доро бошад.
- 1.9 Муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар бояд ба талаботи махсус ҷавобдиҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад;
- 2. Уҳдадориҳои мансабии муовини Сардори Раёсат
- 2.1. Назорати фаъолияти кормандони зерсохторҳои Раёсатро анҷом медиҳад ва ба сардори Раёсат пешниҳод манзур менамояд.
- 2.2. Маводҳои воридотиро ба кормандони Раёсат барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро назорат ва таъмин менамояд.
- 2.3. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои баррасӣ намудан ба воҳидҳои сохтории дахлдори Раёсат ирсол менамояд ва иҷроиши онҳоро дар муҳлат таъмин менамояд.
- 2.4. Вобаста ба муроҷиати шахсонӣ ҳуқуқӣ ва воқеъи ҳуҷҷатҳои назорати, варақаи назоратии шакли муқарраршуда мекушояд ва пешбурди онро таъмин менамояд;
- 2.5. Дар асоси гузориши роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва розигии роҳбарияти Раёсат муҳлати маводи назоратиро тамдид ё аз назорат хориҷ мекунад;
- 2.6. Маълумот оид ба вазъи интизоми иҷроия ва натиҷаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратшавандаро дар санаи охирини ҳар моҳ ҷамъбаст карда, ба Сардори Раёсат пешниҳод менамояд;
- 2.7. Оид ба натиҷаи иҷрои ҳуҷҷатҳои аз мақомоти давлатӣ воридгардида гузориши ҳармоҳа таҳия намуда ба Сардори Раёсат пешниҳод менамояд.
- 2.8. Нақшаи кори Раёсатро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 2.9. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкил намудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 2.10. Ба кормандони Раёсат дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 2.11. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2.12. Дигар супоришҳои сардори Хадамот ва сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 2.13. Дар корҳои нозиротӣ вобаста ба назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, назорати ҳолати роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ иштирок менамояд, ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар макомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 2.14. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 2.15. Фаъолияти кормандонро дар минтақаҳои назоратии вобастшуда ва нуқтаҳои назоратӣ, инчунин ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, санадҳо ва огоҳиномаҳо дар зерсохторҳои Раёсат назорат менамояд.
- 15. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 16. Барои баланд бардоштани саввияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии кормандони Раёсат дарсҳои маърифатӣ ташкил менамояд ва оиди пешгирӣ ва барҳам додани омилҳои характери ҷиноятӣ ва коррупсиони дошта дар фаъолияти кормандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
- 3. Ҳуқуқҳои муовини сардори Раёсат
- 3.1 Муовини сардори Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- – дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти Раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- – бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- – барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти Раёсат ба сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти Раёсат дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифҳои худро барои такмили кори Раёсат пешниҳод намояд;
- – чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ баррасӣ намояд;
- – арзу шикоятҳои воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- – иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз кормандони Раёсат талаб намояд;
- – дурустӣ ва саривақтӣ супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд;
- – дар ҳолати набудани сардори Раёсат ҳуқуқи имзо гузоштанро ба ҳуҷҷатҳои содиротӣ дорад(ба истиснои ҳуҷҷатҳои молиявӣ);
- – барои ҳавасмандгардонии кормандони Раёсат, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гардиданд, ба сардори Раёсат пешниҳод манзур менамояд.
- 3.2. Муовини сардори Раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
- 4. Масъулияти муовини сардори Раёсат
- 4.1. Муовини Сардори Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сиррихизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифодабурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Муовини Сардори Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 5.1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба муовини сардори Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад ва дар ҳолати такмили сохтор, таҷлили воҳидҳои сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсат мегарданд, дастурамали мансабӣ аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 2. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Сардори Шуъба
- 1. Муқарароти умумӣ
- 1.1. Номи мансаб – сардори Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансуб аст.
- 2.2. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва муовини сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 3.3. Сардори Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот бо риояи талаботҳои тахассусӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 4.4. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сардори Шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи сармутахассиси шуьба вогузор карда мешавад.
- Сардори шуъба бо шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар макомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 5.5. Ба сардори Шуъба сармутахассисони шуъба, мутахассисиси пешбари шуъба ва мутахассиси шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 6.6. Барои мансаби сардори Шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ,муҳандис-менеҷер ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад) 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ донистани Конститутсия, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъин мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ
- 7.7. Сардори шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони Шуъба, риояи интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро анҷом медиҳад.
- 2. Маводҳои воридотиро ба кормандони шуъба барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.
- 3. Лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони шуъбаро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбарои хадамоти кадрӣ ба тасдиқи сардори Раёсат пешниҳод менамояд муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
- 4. Нақшаи кори шуъбаро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, барои тасдиқ ба сардори Раёсат пешниҳод менамояд, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 5. Ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи фаъолияти кормандони шуъбаро қабул ва баҳогузорӣ менамояд.
- 6. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкил намудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 7. Ба кормандони шуъба дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 8. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- Дигар супоришҳои сардори Раёсат ва муовини сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 9. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иозатнома, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, маводҳои тобеъияти судӣ доштаро дар муҳлати муқараргардида ба мақомоти судӣ ирсол менамояд.
- 10. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 11. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 12. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 13.Маводҳои дахлдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
- 14.Дар тарғиби фаъолияти хизматчиёни давлатӣтариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
- 15. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳукуқиро баррасӣ менамояд.
- 16. Ҷиҳати баҳогузории фаъолияти солонаи кормандони шуъба иштирок мекунад ва ҳисобот пешниҳод менамояд.
- 3.2. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд
- 18. Ба фаъолияти кормандони шуъба ҷиҳати пешгирӣ ва содир нагардидани омилҳои ҷиноятӣ ва характери коррупсионидошта назорат менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- – Сардори шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- – бо тартиби муқараргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба сардор ё муовини сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро барои такмили кори шуъба пешниход намояд;
- – мувофиқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад;
- – арзу шикоятҳои ба шуъба воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- оидиҷойивазкунии кормандон, ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, ҳавасмандгардонӣ ва додани муҷозоти интизомӣ, ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намояд;
- – барои боз доштани муҳлати амали иҷозатномаи субъектҳои нақлиётӣ ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод ирсол намояд;
- – иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз нозирони шуъба талаб намояд;
- – санҷидани дурустӣ ва саривақти супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд;
- ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба дахл доранд, ташкил намояд ва гузаронад;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Раёсат ба Сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- – шуъбаро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои
- минтақавии Раёсат намояндагӣ кунад;
- – сардори шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- 4. Масъулияти сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад;
- -барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- -барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- -барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- -барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳо муқарраргардида;
- -барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- -барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- -барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад.Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сардори шуъбаи ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаиноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад
- 3. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мудири Бахш
- 1. Муқарароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мудири Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи сеюм мансубаст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардор ва муовини сардори Раёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мудири Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот бо риояи талаботҳои тахассусӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири бахш, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зиммаи мутахассиси пешбари бахш вогузор карда мешавад.
- 6. Мудири Бахш бо Бахши нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
- 7. Ба мудири Бахш мутахассисиси пешбари бахш ва мутахассиси бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
- 8. Барои мансаби мудири бахш талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- – таҳсилоти олии касбӣ (муҳандис-механик, муҳандис-иқтисодчӣ,
- муҳандис-менеҷер ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад);
- – 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқа иумумии меҳнатӣ;
- Донистани Конститутсия, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ;
- – Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъин
- мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- 9. Мудири бахш бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони бахш, риояи интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилиро анҷом медиҳад.
- 2. Маводҳои воридотиро ба кормандони бахш барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд.
- 3. Лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони бахшро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбарои 4.Хадамоти кадрӣ ба тасдиқи сардори Раёсат пешниҳод менамояд.
- 5. Муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд.
- 6. Нақшаи кори бахшро барои ҳар як нимсола таҳия намуда, барои тасдиқ ба сардори Раёсат пешниҳод менамояд, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.
- 7. Ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солонаи фаъолияти кормандони бахшро қабул ва баҳогузорӣ менамояд.
- 8. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ташкилнамудаи Раёсат ва Хадамот иштирок менамояд.
- 9. Ба кормандони бахш дар доираи уҳдадориҳои мансабиашон супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд.
- 10. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- Дигар супоришҳои сардори Раёсат ва муовини сардори Раёсатро иҷро менамояд.
- 11. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома,протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, маводҳои тобеъияти судӣдоштаро дар муҳлати муқараргардида ба мақомоти судӣ ирсол менамояд.
- 12. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати боркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Раёсат дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 13. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 14. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 15. Маводҳои дахлдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
- 16. Дар тарғиби фаъолияти хизматчиёни давлатӣ тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
- 17. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳукуқиро баррасӣ менамояд.
- 18. Ҷиҳати баҳогузории фаъолияти солонаи кормандони бахш иштирок мекунад ва ҳисобот пешниҳод менамояд.
- 19. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 20. Ба фаъолияти кормандони бахш ҷиҳати пешгирӣ ва содир нагардидани омилҳои ҷиноятӣ ва характери коррупсионидошта назорат менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Мудири бахш дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти бахш дахлдошта вақабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- 2. Бо тартиби муқарар гардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти бахш ба сардор ё муовини сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд;
- 3. Дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдошта таклиф пешниҳод намояд дар маҷлису ҷамъомадҳои Раёсат иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро барои такмили кори бахш пешниход намояд;
- 4. Мувофиқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад арзу шикоятҳои ба бахш воридшударо дар ҳудуди салоҳияташ баррасӣ намояд;
- оиди ҷойивазкунии кормандон, ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, ҳавасманд гардонӣ ва додани муҷозоти интизомӣ, ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намояд;
- 5. Барои боз доштани муҳлати амали иҷозатномаи субъектҳои нақлиётӣ ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод ирсол намояд иҷрои саривақтии нақшаҳои корӣ, риояи реҷаи корӣ ва интизоми меҳнатро аз нозирони бахш талаб намояд;
- санҷидани дурустӣ ва саривақти супоридани ҳисоботҳоро аз шахсони мутасаддӣ талаб менамояд ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, ташкил намояд ва гузаронад ҷиҳати таҳкими фаъолияти бахш ва Раёсат ба Сардори Раёсат таклиф пешниҳод намояд
- 6. Бахшро дар муносибат бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои Раёсат намояндагӣ кунад;
- 7. Мудири бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;
- 4. Масъулияти мудири бахши ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Мудири бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳоиРаёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул бахизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва/ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромадва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳоимуқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Мудири бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобаста кардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мудири бахши ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сардори бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад
- 4. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Сармутахассиси Шуъба
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансубаст ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори шуъба тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 3. Сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- 4. Сармутахассиси Шуъба бо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомати БДА ва прокуратура, вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳаи нақлиёт ҳамкорӣ менамояд.
- 5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассис Шуъба, иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зимимаи муттахассиси пешбари шуъба вогузор карда мешавад
- 6. Барои мансаби сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
- 7. Таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис – механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер)
- – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- 8. Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби дониш ва муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- 9. Сармутахассиси Шуъбаи ноҳиявии Раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор карда тавонад Дастурамали Мансабии сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
- 2. Ухдадориҳои мансабии сармутахассиси
- шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи шуъба, дастурамали мазкур ва дастуроти сардори шуъба иҷро мекунад.
- 3. Оиди корҳои нозиротии ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба сардори шуъба маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Дар вақти гузаронидани назорати фаъолиятҳои иҷозатномашавандаи комплекси нақлиётӣ, ҳолатҳои муайян кардани бидуни иҷозатнома фаъолият кардан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нашудани шарту талаботҳои иҷозатнома санад, «огоҳинома» бо мухлати бартараф намудани камбудиҳо тартиб медиҳад.
- 5. Ҳангоми бе иҷозатнома фаъолият намудан ва аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 6. Дар асоси дастуроти сардори шуъба дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 7. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 8. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо ва додани «огоҳиномаҳо» дуруст ба роҳ мемонад.
- 9. Бо супориши сардори шуъба дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 10. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд дигар супоришҳои сардори Раёсат ва сардори шуъбаро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 1. Сармутахассиси шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд дар барассии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- 2. Барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба сардори шуъба таклиф пешниҳод намояд санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои КВД «МСКХСН» назорат менамояд дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта,таклиф пешниҳод намояд.
- 3. Дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти шуъба дахлдоранд, иштирок намояд;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Раёсат таклиф пешниҳод намояд.
- 4. Масъулияти сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулият ҳомебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали Мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
- 4.3. Барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1.Дастурамали мансабӣ пас аз тасдиқ дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2.Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаи ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 5. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мутахассиси пешбар
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансубаст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири Бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.
- 5. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявӣ бо намояндагони мақомоти назоратии соҳаи нақлиёти маҳали ҳамкорӣ менамояд.
- 6. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мудири Бахш иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба зимимаи мутахассиси пешбари бахш вогузор карда мешавад.
- 7. Барои мансаби мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад.
- Таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис- механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер).
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медароранд.
- 8. Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- 9. Мутахассиси пешбари Бахши ноҳиявӣ бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари
- бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи нақлиётро дар фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи бахш, дастурамали мансабии мазкур, нақшаи кории бахш ва дастуроти мудири бахш иҷро мекунад.
- 3. Оид ба корҳои нозиротии ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба мудири бахш маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадорон риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома, бо моддаҳои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 5. Дар асоси дастуроти мудири бахш дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 6. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 7. Ҳуҷҷатгузориро оид ба тартиб додани протоколҳо, огоҳиномаҳо дуруст ба роҳ мемонад.
- 8. Бо супориши мудири бахш дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 3.2. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 9. Дигар супоришҳои мудири бахшро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат
- 3.1 Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;
- дар барассии масъалаҳои ба фаъолияти бахш дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- Барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти бахш ба мудири бахш таклиф пешниҳод намояд;
- 3.2 Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- -дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, иштирок намояд;
- – ҷиҳати таҳкими фаъолияти бахш ва Раёсат таклиф пешниҳод намояд.
- 4. Масъулияти мутахассиси пешбари бахши
- ноҳиявии Раёсат
- 4.1. Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳо Раёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- 4.2. Барои пешниҳод накардани маълумоти дурус тҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.3. Барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 4.4. Барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳури Тоҷикистон муқаррарнамудаанд.
- 4.5. Мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондода шуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари бахши ноҳиявӣ бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ, азнавташкилдиҳии бахш ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- 6. ДАСТУРАМАЛИ МАНСАБИИ – Мутахассис
- 1. Муқаррароти умумӣ
- 1. Номи мансаб – мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт .
- 2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
- 3. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба мудири Бахш тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- 4. Мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби сардори Хадамот мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
- 5. Мутахассиси Бахши ноҳиявӣ бо воҳидҳои сохтории иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти БДА ва прокуратураи ноҳиявӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои нақлиётӣ ва соҳаи хоҷагии роҳҳо ҳамкорӣ менамояд.
- 6. Барои мансаби мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад, таҳсилоти олии касбӣ – маълумоти олӣ (муҳандис- механик, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-менеҷер) ё миёнаи техникии соҳавӣ;
- Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳаи комплекси нақлиёт, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси бахшро ба танзим медароранд;
- – Донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ Донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ на камтар аз як маротиба дар се сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- 7. Мутахассиси Бахши ноҳиявии Раёсат бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад.
- 2. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси
- Бахши ноҳиявии Раёсат
- 1. Назорати риояи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ менамояд.
- 2. Корҳои нозиротиро мутобиқи Низомномаи бахш, дастурамали мансабӣ, нақшаи корӣ ва дастуроти сардори Щахш иҷро мекунад.
- 3. Оид ба корҳои ҳаррӯзаи иҷрокардааш ба сардори бахш маълумот пешниҳод менамояд.
- 4. Дар вақти гузаронидани назорати фаъолиятҳои иҷозатномашаванда, «огоҳинома» бо муҳлати бартараф намудани камбудиҳо тартиб медиҳад ва бо моддаҳои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад.
- 5. Дар асоси дастуроти сардори бахш дар рейдҳои муштарак бо дигар мақомотҳои назоратӣ иштирок менамояд.
- 6. Дар хатсайрҳо ва дидбонгоҳҳо мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иҷозатнома ва варақаҳои назоратиро аз ронандагон талаб менамояд.
- 7. Санҷиши воситаҳои нақлиёти боркашро дар истгоҳҳои баркашӣ ва тартиби додани сертификати баркаширо аз тарафи экспертҳои “КВД марказӣ сертификатсиякунони кор ва хизматрасони соҳаи нақлиёт назорат менамояд;
- 8. Бо супориши сардори бахш дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори мақомоти давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ иштирок менамояд.
- 9. Иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ таъмин намояд;
- – протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати қоидавайронкунандагон, баровардани қарорҳо ва пайгири намудани пардохти ҷаримаҳои таъиншуда ва саривақт ворид намудани протоколҳои тартибдодашуда ба барнома роҳандозӣ намояд;
- 10. Дигар супоришҳои сардори бахшро иҷро менамояд.
- 3. Ҳуқуқҳои мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат
- Мутахассиси бахш дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;
- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдошта таклиф пешниҳод намояд;
- – дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба фаъолияти бахш дахлдоранд, иштирок намояд;
- -мутахассиси бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- 4. Масъулияти мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат
- 14.1. Мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
- – барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳоиРаёсат ва уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар Дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
- – барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул бахизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
- – барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар намудаанд;
- – барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;
- – барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
- – барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
- – барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- – барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
- – дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- 4.2. Мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобудсохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- 5. Муқаррароти хотимавӣ
- 1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб додашуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирии дастурамали мансабӣ, як нусхаи дастурамали мансабӣ супорида мешавад.
- 2. Ҳангоми таҷдид ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйирёфтани уҳдадориҳои мансабии мутахассиси бахши ноҳиявии Раёсат мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
САВОЛНОМАИ ОЗМУН
- Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он 3 маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқи тағйирот ворид гардидааст:
- – 26 сентябри соли 1999;
- – 22 июни соли 2003;
- – 22 майи соли 2016.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб, 100 модда ва муқаррарроти интиқолӣ иборат мебошад.
- Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонамебошад.
- Шакли идораи ҶТ президентӣ мебошад.
- Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
- Чумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноанд.
- Моддаи 2.
- Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
- Моддаи 3
- Рамзҳои давлатии Тоҷикистон:Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст.
- Моддаи 4
- Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст
- Моддаи 17
- Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
- Мафҳуми давлати дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Яъне дин аз давлат ҷудост.
- Шохаҳои ҳокимияти давлатиро номбар кунед?
- Мутобиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад.
- Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
- 14 вазорат, 3 кумитаи давлати: кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
- Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад.
- Ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад аст?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон (Кобул), Ҷумҳурии халқии Хитой (Пекин), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ташкент) ва Қирғизистон (Бишкек)ҳамсарҳад мебошад.
- Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- ВМКБ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.
- Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ аз чандсолагӣ муайян карда шудааст?
- Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ барои мардон аз 63-солагӣ ва барои занон аз 58 – солагӣ муайян карда шудааст.
- Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
- Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.
- Кӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
- Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад:
- Ҳизби халқи демократӣ;
- Ҳизби коммунистӣ;
- Ҳизби демократӣ;
- Ҳизби сотсиалистӣ;
- Ҳизби сотсиал-демократӣ;
- Ҳизби аграрӣ;
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.
- Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?
- Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи авф” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул карда мешаванд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
- Рамзҳои Президенти Ҷумурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
- Принсипҳои хизмати давлатиро номбар кунед?
- Хизмати давлатӣ аз принсипҳои зерин иборат аст:
- волоияти қонун ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ новобаста аз таҷзияи ҳокимият;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- нигоҳ доштани сирри давлатӣ;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ ва ғайраҳо.
- 19. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед?
- Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур (маълумоти мухтасар дар бораи кахрамонхо).
- Кадом асари бадеиро хондаед?
- Ягон порчаи шеърӣ аз ёд гуед.
- 20. Санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент фармон ва амр медиҳад, Ҳукумат қарор ва фармоиш қабул мекунад.
- 21. Вазифаҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Президент, Раиси Ҳукумат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Раиси Шӯрои амният.
- 22.Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?
- Ҷавоб: Мутобиқи Моддаи 69 Конститутсия салоҳиятҳои Президент аз инҳо иборатанд:
- 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
- 2.Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
- 4. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
- 5. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
- 6. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
- 7. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
- 8. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
- 9. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
- 10. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.
- 23. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ?
- Ҷавоб: Тибқи Моддаи 56 Конститутсия салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ аз инҳо иборат мебошанд.
- 1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо (10 майи соли 2016);
- 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
- 3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
- 4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
- 5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
- 24. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон?
- Ҷавоб:Тибқи Моддаи 57 Конститутсия салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:
- 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
- 2. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
- 5. Тасдиқвабекоркарданишартномаҳоибайналмилалӣ;
- 6. Таъини раъйпурсӣ;
- 7. Таъсиси судҳо;
- 8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
- 25. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро шарҳ диҳед?
- Ҷавоб: Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» санаи 14 ноябри соли 2016 № 1356 қабул гардидааст, ки аз 19 модда иборат аст.
- Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
- Қонуни конститутсионии мазкур салоҳият, таъсиси орден ва ҷоизаи Асосогузор, дахлнопазирӣ, таъмини фаъолият ва таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро муайян намудааст.
- 26. Шарҳи мухтасари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муққадас шуморида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мақом ва ваколатҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, суд, прокуратура, тартиби тағйири Конститутсияро муайян менамояд.
- 27.Ҳуқуқ чист?
- Мачмуи меъерхои ҳуқуқиест, ки муносибатхои чамъиятиро ба танзим медарорад.
- 28.Қонун чист?
- Санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобики тартиби мукарраршуда аз тарафи макоми қонунгузор кабул мегардад ва муносибатхои мухими чамъиятиро танзим мекунад
- 29.Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чи ташкил медихад?
- Асоси иктисодиёти Тоҷикистонро шаклхои гуногуни моликият ташкил медиханд.
- 30.Моликияти истисноии давлат кадомхоянд?
- Замин, сарватхои зеризамини, об, фазои хавои, олами набототу хайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд.
- 31.Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот диҳед?
- Бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин ва Бодарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»эълон карда шуд.
- 32.Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурси, аз синни чанд солаги муайян карда шудааст?
- Шахрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни мукаррарнамудаи Конститутсия, қонунхои конститутсиони ва қонунхо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
- 33.Баланди садди НОБ Роғун чи қадар аст ва дар ин нерӯгоҳ чанд адад агрегат насб карда мешавад?
- Баландии НОБ Роғун 335 метро ташкил медиҳад ва дар ин нерӯгоҳ 6 адад агрегат насб карда мешавад, ки иқтидори ҳар яки он ба 600 мгв баробар буда дар умум 3600 мгв ташкил медиҳад.
- 34.Кадом шахсон ҳукуки иштирок карданро дар раъйпурси ва интихобот надоранд?
- Шахрвандоне, ки аз тарафи суд гайрикобили амал дониста шудаанд ва ё мувофики хукми суд дар чойхои аз озоди махрум шудагон нигох дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурси иштирок кардан надоранд.
- 35.Аъзои Ҳукумат, судяхо, кормандони макомоти хифзи ҳуқуқ, хизматчиёни харби, оё метавонанд узви Мачлиси милли бошанд?
- Наметавонанд узви Мачлиси миллӣ бошанд.
- 36.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз киҳо иборат мебошад?
- Хукумати ҶТ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитахои давлатӣ иборат аст.
- Сарвазир Қоҳир Расулзода
- Муовини якуми Сарвазир: …
- Муовинони Сарвазир: …
- 37.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва ҳуқуқи» кай кабул гардидааст?
- Қонуни ЧТ „Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва ҳуқуқи“ аз 23 июли соли 2016 №1339 кабул гардида, аз 27 модда иборат мебошад.
- 38.Тақсимоти ҳокимияти давлатиро номбаркунед.
- А. Ҳокимияти қонунгузор
- Б. Ҳокимияти ичроия
- В. Ҳокимияти суди
- 39.Ҳокимияти қонунгузор дар ҶумҳурииТоҷикистон ин:
- Б. Маҷлиси Оли
- 40.Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ки ва чи тавр қабул карда мешаванд?
- Аз ҷониби шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон ба тарики овоздиҳии пинҳонӣ
- 41.Маҷлиси намояндагон аз чанд вакил иборат аст?
- 63 вакил
- 42.Муҳлати ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон чанд сол аст?
- А. 5 сол
- 43.Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ кадомҳоянд?
- Минтакахои озоди иктисодиро дар чунин намудхо таъсис додан мумкин аст:-саноати (истехсоли махсулоти саноати); – савдо ва тичорати;- хизматрасони;- инноватсиони, илми – тахкикоти ва чорикунанда.
- 44.Кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тагйирнопазир аст?
- Мутобиқи моддаи 100-и КонститутсияҶумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тагйирнопазир мебошад.
- 45.Қисмҳои асосии компютер:
- Монитор, процессор, клавиатура, мушак
- 46. Ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо кадом восита ҳифз мегарданд?
- Ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунхои чумхури ва санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд, хифз мегарданд.
- 47. Дар кадом ҳолатхо ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро маҳдуд кардан мумкин аст?
- Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи чамъияти, химояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзии чумхури раво дониста мешавад. (мод.14 Конститутсия)
- 48.Баробарии хама дар назди қонун, чи маъно дорад?
- Хама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба хар кас, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодихоро кафолат медихад.(мод.17 Конститутсия)
- 49.Мувофики Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом шахси мансабдор ҳомии Конститутсия ва қонунхо, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд, муайян шудааст?
- Президент хомии Конститутсия ва қонунхо, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлати ва хамкории онҳо, риояи карордодхои байналмилалии Точикистон мебошад.(мод.64 Конститутсия)
- 50. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро кихо доро мебошанд?
- Аъзои Мачлиси милли, вакили Мачлиси намояндагон. Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.(мод. 58 Конститутсия).
- 51.Воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна муайян карда шудаанд?
- Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст (мод.7 Конститутсия).
- 52. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” маълумот диҳед?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5 марти соли 2007, №233 қабул гардида фарогири 5 бобу 45 модда мебошад.
- Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
- 53.Хизматчии давлатӣ кист?
- Шаҳрванди ҶТ , ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.
- 54.Хизмати давлатӣ чист?
- Хизмати давлатӣ фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
- 55.Аттестатсия чист?
- Тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансаби, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ мебошад.
- 56.Низоми хизмати давлатӣ:
- Хизмати давлатии шаҳрвандӣ
- Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
- Хизмати давлатии ҳарбӣ
- 57.Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ
- Истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ
- Расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ
- Қатъ намудани шаҳрвандии ҶТ
- Гирифтани нафақаи ЧТ ё дигар давлати хориҷӣ
- Эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд
- Риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо”
- 58.Ҳуқуқҳои хизматчии давлаӣ
- Дар доираи ваколатҳои худдар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор тиалаб намояд.
- Муайян намудани доираи уҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд
- Ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад.
- Ба тайёркунӣ ва азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос фарот гирифта шавад.
- 59.Ӯҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ро риоя намояд.
- Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд.
- Интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд.
- Кодекси одоби хизматчии давлатиро риоя намояд
- Сирри давлатиро нигоҳ дорад
- Моликияти давлатиро ҳифз намояд
- Манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло нигоҳ дорад
- 60.Маҳдудиятҳо дар хизмати давлатӣ
- Бе иҷозати Президенти ҶТ унвон, мукофоти давлати хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалиро гирифтан
- Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз хизматрасонии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода бурдан
- Дар дигар амалҳо аз ҷумла корпартоиҳо иштирок намудан
- Ба соҳибкорӣ машғул шудан
- Дар бонкҳои хориҷи суратҳисоб кушода, маблағ нигоҳ доштан
- 61.Суруди миллӣ (аз ёд)
- 62. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» маълумот диҳед.
- Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Точикистон» 5 октябри соли 2009, №553 кабул гардида, аз 7 боб ва 28 моддаи иборат аст. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
- Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
- Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад.
- 63.Маълумот дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ
- Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бо Фармони Президенти ҶТ №591 аз 3 декабри соли 2015 қабул шудааст. Аз 5 боб ва 51 банд иборат мебошад. Маҷмуи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳо рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро танзим менамояд.
- 64. Соли 2025 кадом чорабиниҳои сиёсӣ баргузор гардид
- 2 марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
- 65. Солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди Саноат эълон карда шудааст.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон (аз ёд)
- 66. Қироат намудани порчаи шеърӣ
- 67. Мутолиаи китоби бадеӣ
- 68. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ