Бо фармоиши Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
аз « 31 » январи соли 2024 №...
тасдиқ шудааст.
НАҚШАИ
чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Барномаи идоравӣ (соҳавӣ)-и зиддикоррупсионии
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2024
№ р/т |
Номгўи чорабиниҳо |
Мақсад (натиҷаҳои маъмулӣ)-и дар назар дошташуда |
Муҳлати иҷро |
Иҷрокунандагон |
1. |
Таҳия ва тасдиқи барномаи дохилидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои он барои ҳар сол ва омўзиши он |
Таъмини иҷрои пурра ва воқеъбинонаи Стратегия |
Соли 2024 |
|
2. |
Муайян намудани шахси мутассадӣ аз ҳисоби Хадамот, оид ба таъмини иҷрои Стратегия |
Ба низом даровардани рафти таъмини иҷрои Стратегия |
Соли 2024 |
|
3. |
Роҳандозӣ намудани чораҳо вобаста ба ҳавасмандгардонии кормандони ҷавони Хадамот ва таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионии онҳо |
Баланд бардоштани руҳияи кормандони ҷавони Хадамот |
Соли 2024 |
|
4. |
Андешидани тадбирҳо ҷиҳати баррасии арзу шикояти шаҳрвандон оид ба масъалаҳои самти фаъолияти Хадамот |
Баррасии холисонаи арзу шикоятҳо аз ҷониби шахсони масъул |
Соли 2024 |
|
5. |
Амалӣ намудани чораҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ баҳри кам намудани робитаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо кормандони Хадамот, инчунин муайян намудани рақами телефони боварии доимоамалкунанда |
Аз байн бурдани омилҳои инсонӣ |
Соли 2024 |
|
6. |
Бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия рушди муназзами сомонаҳои расмӣ ва интишори маълумот оид ба пешгирии коррупсия |
Огоҳонии бештари аҳолӣ оид ба сиёсати зиддикоррупсионӣ |
Мунтазам |
|
7. |
Андешидани чораҳои муоссир ҷиҳати пешгирӣ намудани тасарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва дар ин замина таъмини шаффофият дар раванди иҷрои онҳо |
Назорати қатъии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ |
Мунтазам |
|
8. |
Риояи қонунгузории маъмурӣ бо мақсади таъмин намудани татбиқи дурусти меъёрҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд |
Пешгирии коррупсия ва аз байн бурдани бархўрди манфиатҳо ҳангоми татбиқи қонун-гузории маъмурӣ |
Соли 2024 |
|
9. |
Мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва татбиқи амалии нақшаҳои мукаммал тибқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) |
Ошкор намудани хавфҳои идоравӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо |
Мунтазам |
|
10. |
Чораҷўӣ кардан ҷиҳати таъмини иҷрои Тавсияҳои нави Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Хадамотӣ |
Таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ |
Соли 2024 |
|