Вазифаи мо
Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
– назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад;
– танзими давлатии фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;
– додан ва аз нав ба расмиятдарории иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҷиҳати анҷомдиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон. таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашони ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фаъолият оид ба хизматрасонии техникии нақлиёти, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;
– додани сертификати баркашии воситаҳои нақлиёт;
– сертификаткунонӣ дар нақлиёти ва роҳи оҳан;
– тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;
– додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
– ташкили аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;
– таъмини шароит барои фаъолияти муътадили бозори хизматрасониҳои нақлиёти ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ.
Ҳадафҳои мо
1. Таҳия ва татбиқ дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷмӯи мутавозини чорабиниҳо, ки ба баланд бардоштани сатҳи камолоти идоракунии равандҳои сатҳҳои гуногун ва самаранокии фаъолияти Хадамот дар маҷмӯъ, равандҳои идоракунии стратегӣ ва амалиётӣ, равандҳои идоракунии кадрҳо, сохтори ташкилӣ ва самаранокӣ нигаронида шудаанд;
2. Такмили фаъолияти назоратӣ ва баланд бардоштани самаранокии он.
Арзишҳои мо
1. Баланд бардоштани касбияти ҳайати нозирони Хадамот;
2. Баланд бардоштани сатҳи рушди илмӣ-технологӣ ва маърифатӣ дар соҳаи нақлиёт.