Санаи 27 марти соли ҷорӣ аз ҷониби Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон ба як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот барои фаъолияти пурсамару софдилона, дастовардҳои назаррас, саҳмгузорӣ  дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ, ҷалби кормандон ба корҳои созандагию ободонӣ ва ишғол намудани ҷойҳои намоён дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба “Иди байналмилалии Наврӯз – 2024” Ифтихорномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим                           дар соҳаи нақлиёт ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.