Имрӯз дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ганҷалзода Ш.Р. – раиси ташкилоти ибтидоии “назорати нақлиёт” Маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар Маҷлиси умумӣ масъалаҳои таҳлили муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳлили шумораи аъзои ҳизб, ҳаракати аъзо, қабул ва хориҷи аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.