Рузи 04 –уми январи соли 2023 бо иштироки Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста., ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти  давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи  якуми соли 2023 баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Хадамот – Қурбонзода Д.Қ оғоз бахшида, аз натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2022 ҳисобот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар маҷмуъ ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии Хадамот нисбати соли гузашта барзиёд иҷро гардиданд. барои амали намудани фаъолияти мушахасси соҳаи нақлиёт 1749 иҷозатнома дода шуда, муҳлати иҷозатномаи 878 нафар иҷозатномадорон дароз ва аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 1053976 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 116,3%-ро ташкил медиҳад. Барои риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва содир намудани дигар қоидавайронкуниҳои соҳаи нақлиё нисбати 53312 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо модаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Аз ин шумораи протоколҳо 174-адади он нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдор татбиқ гардидааст. Дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн қайд карда шуд, ки дар соли ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1875 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон бо моддаи 311 протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Сардори Хадамот иброз доштанд, ки гарчанде ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо ба маротиб кам гардида бошад ҳам, вале то ҳол баъзе интиқолдиҳандагон ба чунин қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд.

Ба ҳамаи Раёсатҳои зертобеъ супориш дода шуд, ки нисбати ронандагон дар ин самт назоратро пурзӯр намоянд. Сардорони Раёсатҳо вазифадор гардиданд, ки шахсан худи онҳо, муовин ва сардори шуъбаи нозиротӣ шабона ба нуқтаҳои баркашӣ рафта гузариши нақлиётҳои гаронвазнро назорат баранд. Сардори Хадамот вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти Хадамот, камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи хизмаирасониҳои соҳаи нақлиёт ва Раёсатҳои минтақавӣ дар алоҳидагӣ муҳокимаронӣ ва масъалагузорӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Саидмуродзода Шоиста-муовини Вазири нақлиёт ба масъулин КВД “МСКХСН” супориш доданд, ки пардохти маблағи ҳамаи намуди хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин муовини вазир масъалагузорӣ намуданд, ки дар нуқтаҳои баркашӣ дутарафа шароити баркашии воситаи нақлиёт ташкил намуда, бехатарӣ таъмин карда шавад.  Навиштани (пур кардани) сертификатҳо бо компютер ба роҳ монда шавад ва маълумотҳо тариқи электронӣ ба маҳзан ворид карда шавад. Вобаста ба бенизомии фаъолияти таксиҳо дар шаҳри Душанбе эрод гирифта шуда, ба масъулини Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар ҳар як корхонаҳои нақлиёти таксӣ ҷаласа гузаронида, оид ба сифати хизматрасониҳо ва дар ҳудуди корхона ҷойгир кардани таксиҳо масъалагузорӣ намоянд. Зимни таҳлил фаъолияти  Раёсат минтақаи Бохтар қайд карда шуд, ки то инҷониб бенизомии фаъолияти таксиҳо давом дошта, аксарияти онҳо ғайриқонуни ба мусофиркашонӣ машғуланд. Дар ҳудуди минтақа ду корхонаи калони сементбарорӣ мавҷуд аст, ки ҳамаруза нақлиётҳои боркаш бори аз меъёр зиёдро гирифта, ба роҳҳои автомобилгард зарар мерасонад. Супориш додо шуд, ки назоратро дар ин самт пурзӯр намоянд.