• Ҳисобот
     оиди  натиҷаҳои Раёсати  Хадамоти  давлатии
    назорат ва танзим  дар  соҳаи нақлиёт дар шаҳри  Душанбе 

        Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар доираи иҷроиши талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт, қарорҳои ҷаласаи ҳайати Мушовара ва фармоишҳои Вазорати нақлиёти ҶТ, супоришҳои протоколии ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар давоми соли 2018, инчунин қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаи нақлиёт ва хоҷагиҳои роҳдорӣ, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ намуда, баҳри ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фаъолияти нуқтаҳои  хизматрасонии техникӣ, таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва дигар намудҳои фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ доранд, корҳои нозиротиро амалӣ менамояд.

        Ба хотири бартараф намудани камбудиву норасогихои соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми пойтахт, инчунин ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои боркашонӣ ва соҳаи хоҷагии роҳдорӣ, дар натиҷаи таҳлил ва санҷишҳои гузаронидашуда дар давоми семоҳаи аввали соли 2019, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи дуюми соли 2019-ум ба нақша гирифтааст:

     – гузаронидани таҳлилҳо бо ҷалби сохторхои ваколатдор, бо максади муътадил гардонидани накшаи хатсайрхо дар худуди шахри Душанбе, кам кардани такроршавии хатсайрхо, муайян намудани талабот ба миқдор ва намуди воситаҳои нақлиёт дар хар як хатсайр;

     – баъд аз омӯхтан ва асоснок намудан, пешниҳод оиди кушодани хатсайрхои нав дар самтҳое, ки талаботи мавҷуда ба пуррагӣ ба назар гирифта нашудааст;

  • бо мақсади муҳофизати роҳҳои пойтахт аз вайроншавии бармаҳал, таҳти назорати доимӣ қарор додани фаъолияти воситаҳои нақлиётӣ боркаши гаронвазн дар роҳҳои пойтахт дар асоси талаботи қарорҳои амалкунанда;
  • дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории байни Раёсат ва шӯъбаи назорати риояи қонунгузорӣ дар нақлиёт ва гумруки Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҷиҳати назорати иҷроиши талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

         Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи оянда низ барои амалигардонии талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, дастуру супоришҳои Вазорати нақлиёти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар самти ба танзим даровардани фаъолияти комплекси нақлиёти пойтахт, дар доираи ваколатҳояш  чораҳои зарурӣ  меандешад.