Имруз 6 СЕНТЯБРИ соли 2021 дар маҷлисгоҳи ХДНТ Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баёни андеша аз кормандон даъват ба амал овард, ки Истиқлолияти давлатиро дарк карда, ба қадри он бирасанд, чунки истиқлолият осон ба даст наёмадааст. Бо 30-ум солгарди истиқлолият ба кормандон аз тарафи Сардори Хадамот бо ифтихорномаҳои хотирмон сарфароз гардонид.

Дар хотима Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон боз якбори дигар ҳамаи кормандонро бо фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.