Дар ҷаласа иштирок карданд:

Раиси комиссия: Қурбонзода Д.Қ. –   Сардори Хадамоти давлатии назорат ва   танзим дар соҳаи нақлиёт.

Муовини раис: Бобоев З. – сардори шуъбаи назорат ва танзими  нақлиёти автомобилӣ ва обӣ.

Котиби комиссия: Рафиев М. – сармутахассиси   шуъбаи назорат ва танзими  нақлиёти автомобилӣ ва обӣ.

 Аъзоёни комиссия:

Сангинов Д. – мудири бахши ҳуқуқии Дастгоҳи марказӣ.

Салимзода Л. – сардори шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо.

Бобоев О. – сармутахассиси шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан,

Ба ҷаласа даъват гардиданд:

Раҳимзода М. – муовини якуми Сардори Хадамот,

Камолов Х. – сардори шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,

Расулов Ф. – сардори  раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе,

Зувайдуллозода А. – сардори раёсати  ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор,

Сатторов М. – сардори шуъбаи нозиротӣ ва иҷозатномадиҳии раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ,

Набиев С. – директори ҶДММ «Ҷасур Т» ноҳияи Ҳисор,

Роибов У. – директори ҶДММ «Хизматрасон-Дилшод»

 

Рӯзномаи ҷаласа: 

  1. Баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатнома ҶДММ «Терминал роҳи сафед Рашт Кӯлоб Бадахшон» ва маводҳои тартибдодашуда нисбати фаъолиятҳои ҶДММ РСБ «Ҷасур Т», ҶДММ «Хизматрасони Дилшод», Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Ғалла» ва соҳибкори инфиродӣ «Митанова Барно Тошпулотовна».

      Қурбонзода Д.Қ.- Сардори Хадамот  ҷаласаро оғоз бахшида, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004, №37 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба муҳокимаи  аъзоёни комиссия ва даъватшудагон  ҳуҷҷатҳо ва маводҳои воридшударо пешниҳод намуданд.

      Маводҳои тартибдодашуда нисбати фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксии ҶДММ РСБ «Ҷасур Т» баррасӣ шуда,  қайд гардид, ки ҳамоно таксиҳои ҷамъияти мазкур ба хизматрасонии мусофиркашонии ғайриқонунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе машғул буда, ба низоми хизматрасониҳои мусофиркашонӣ дар пойтахт халали ҷиддӣ мерасонанд.  Қаблан аз ҷониби кормандони Хадамот  ба ҷамъият ҷиҳати ворид нашудани таксиҳояш ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе  огоҳӣ ва ҳамзамон муҳлат барои бартарафсозии камбудиҳо дода шуда буд, вале камбудиҳо пурра бартараф нашуданд. Директор ва ҳуқуқшиноси ҷамъият иброз доштанд, ки барои содир кардани қоидавайронкунӣ  ва риоя накардани талаботҳо шартномаҳои басташуда бо 65 нафар аъзоёни ҷамъият бекор карда шуданд. Ҳамчунин 25-адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки аъзоёни ҷамъият мебошанд, барои гирифтани роххат ба ҷамъият намеоянд ва муддатҳои тулонӣ аз онҳо нишоне нест. Бинобар ин ҷамъият тасмим гирифтааст, ки барои чораҷӯӣ руйхати ин автомашинаҳоро  ба Хадамот ва Бозрасии давлатии автомобилӣ пешниҳод намуда, онҳоро низ аз аъзогӣ хориҷ кунад. Аъзоёни комиссия масъалагузорӣ намуданд, ки муҳлати амали иҷозатномаи ҷамъияти мазкур ба муҳлати 3 моҳ боздошт шавад. Дар баробари ин намояндагони ҷамъият ваъда доданд, ки дар як моҳ  тамоми камбудиҳоро бартараф менамояд ва дар ҳолати иҷро нагардидани камбудию норасоиҳо омодаанд фаъолияти худро ихтиёран қатъ намояд.

      Камбудҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҶДММ «Хизматрасон-Дилшод» аз ҷониби аъзоёни комиссия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор  дода шуданд. Ҷамъият бо теъдоди 25-адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар хатсайри шаҳрии №87 «Заводи яхдони  шаҳри Душанбе- деҳаи Доманакӯҳ»  ва 28-адад воситаи нақлиёти мусофирбар дар хатсайри наздишаҳрии шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор – Заводи яхдони шаҳри Душанбе хизматрасонӣ менамояд.   Макони ҷойгиршавии ҷамъият шаҳраки Шарора буда, барои хизматрасони намудан ба воситаҳои нақлиёти хатсайри №87 дар шаҳри Душанбе   кӯчаи Раҳмон Набиев 351  тибқи шартнома утоқҳои корӣ ва нуқтаи хизматрасониро ба иҷора гирифта, корро ба роҳ мондааст. Директори ҷамъият иброз дошт, ки шароитҳои утоқҳои корӣ, дафтарҳои бақайдгирии механик, корманди тиб ва танзимгарон ба тартиб дароварда шудааст. Камолов Х-сардори шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  иҷрои камбудиҳои ҷойдоштаро тасдиқ намуд.  Аъзоёни комиссия масъалагузорӣ намуданд, ки нақлиётҳои мусофирбарӣ дар хатсайри наздишаҳрӣ фаъолиятдошта бо рақамҳои зарди силсилаи «ТТ» таъмин  намуда, ҳамзамон набаромадини онҳоро аз хатсайр назорат бурда шавад.

            Санади санҷиши фаъолияти соҳибкори инфиродӣ «Митанова Барно Тошпулотовна», ки дар асоси санҷишҳои нақшавии субъектҳои хоҷагидорӣ тартиб дода шудааст, мавриди баррасии аъзоёни комиссия қарор дода шуд. Барои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, яъне мутобиқат накардани базаи моддӣ – техникӣ, мувофиқ набудани дараҷаи тахассусии кормандон ба вазифаҳои ишғолнамуда ва дигар камбудиҳо тавсия дода шуд, ки  муҳлати амали иҷозатномаи соҳибкор то бартарафсозии камбудиҳо боздошт шавад.

         Аъзоёни комиссия мактуби дархостии Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Ғалла» аз 11 апрели соли 2023, №01-ро баррасӣ намуда,  бо дарназардошти муваққатан фаъолият надоштани ҷамъият, вобаста ба фаъолияти минбаъда таклифҳоро ба миён гузоштанд.

        Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҶДММ «Терминали роҳи сафед Рашт, Кӯлоб Бадахшон» баррасӣ шуда, қайд гардид, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.11.2019, №671 ба қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе аз 01.06.2012, №291 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, калимаи таваққуфгоҳ хориҷ карда шудааст. Аз ин рӯ аъзоёни комиссия ба чунин хулоса омаданд, ки то ворид намудан тағйироти дахлдор ба қарори мазкур додани иҷозатнома мавқуф гузошта шавад.

      Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо  қарор қабул карда шуд:

  1. То бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолияти ҶДММ «Ҷасур Т» ва соҳибкори инфиродӣ «Митанова Барно Тошпулотовна» ҷойдошта, амали иҷозатномаи ҷамъият  ва соҳибкори инфиродӣ ба муҳлати як моҳ бо гирифтани нусхаҳои аслии иҷозатномаҳо аз санаи   22 май то 22 июни соли 2023 боздошт карда шавад;
  2. Ба ҶДММ «Хизматрасон Дилшод» як моҳ муҳлат дода шавад, ки камбудиҳои дар фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ ошкоргардидаро бартараф намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Хадамот маълумот пешниҳод намояд;
  3. Дар асоси мактуби ҶСНК «Ғалла» бинобар муваққатан фаъолият накардан амали иҷозатномаи №0035334 аз 18.12.2020, ки ба муҳлати то 18.12.2025 барои фаъолияти боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан дода шудааст, боздошт карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба феҳристи иҷозатномаҳои додашуда тағйирот ворид карда шавад;

      Бинобар ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҶДММ «Терминали роҳи сафед Рашт, Кӯлоб Бадахшон» додани иҷозатнома то ислоҳи камбудиҳо мавқуф гузошта шавад.