Шанбегии дастаҷамъона

бо иштироки роҳбарият ва кормандони

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хурамгардонии шаҳри Душанбе санаи 20 майи соли 2023 дар бино ва саҳни Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов 9/3) бо иштироки роҳбарият ва  кормандони Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Хадамот Шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Зимни баргузории шанбегӣ дохили ҳуҷраҳои корӣ, роҳравҳо ва гирду атрофи бинои Хадамот тозаву озода гардонида шуд.
Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаҳои он қарзи шаҳрвандии мост. Ба ин мақсад, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ пайваста дар назди биноҳои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Хадамот аз тарафи кормандон шанбегиҳои дастаҷамъона бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона гузаронида мешавад.