Ҷиҳати иҷрои “Нақша-чорабиниҳо оид ба роҳ мондани қабули хизматрасониҳои пулакии давлатӣ” ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2019, №39  дар доираи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 ноябри соли 2018, № 565 «Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» тасдиқ шудааст, айни ҳол дар нуқтаҳои баркашӣ 16 адад постерминалҳо барои пардохти маблағҳои ғайринақдӣ васл карда шуда, инчунин шиорҳои таблиғотӣ оид ба ин намуди пардохт насб гардидаанд. Аз ҷониби масъулони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД “МСКХСН” ва мутахассисони ҶСК “Ориёнбонк” дар ҷамъиятҳои боркашонии марбути соҳаи нақлиёт, бо мақсади гузаронидани пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо дар нуқтаҳои баркашӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодабарии кортҳои бонкӣ гузаронида шуд. То имрӯз аз 63  адад ҷамъиятҳои боркашонии фаъолиятдошта дар ҷумҳурӣ ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаши 35 адад ҷамъиятҳои боркашонӣ ба миқдори 524 нафар бо кортҳои пластикӣ таъмин карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 2384 ҳолати бо тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳо ба қайд гирифт шудаанд, ки аз ин шумора 705 ҳолат тариқи кортҳо ва 1679 ҳолат тариқи аз суратҳисоб ба суратҳисоб мебошад.
Вобаста ба масъали мазкур дар як моҳ ду маротиба ҷаласаи корӣ доир гардида, дар он таҳлили фаъолияти шахсони масъули раёсатҳои тобеи Хадамот ва филиалҳои КВД “МСКХСН” гузаронида мешавад.
Қайд бояд кард, ки санаи 23 июли соли ҷорӣ ҷаласаи кории навбатӣ бо иштироки муовини Сардори Хадамот – Давлатзода З. Ҳ ва роҳбарон ва шахсони масъули раёсатҳои тобеи Хадамот ва КВД “МСКХСН” баргузор гардид, ки дар он оид ба фаъолияти шахсони масъул таҳлил ва натиҷагирӣ карда шуд. Бобати дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои вазифавӣ ва супоришҳои додашуда дар ҷаласаҳои қаблӣ нисбати шахсони масъули раёсатҳои ХДНТСН ва филиалҳои КВД “МСКХСН” дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва минтақаи Рашт ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки минбаъд ҷиҳати иҷроиши қарори болозикр тамоми чораҳои дахлдор андешида шуда, фаъолияти шахсони масъул аз ҷониби роҳбарони раёсатҳои тобеи Хадамот ва КВД “МСКХСН” таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.