Бо мақсади иҷрои супориши протоколии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.2023 кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунӣ баҳри пешгирии гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм, пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонию боркашонӣ фаъолиятро пурзур намуда, тибқи муқаррароти боби 3 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодаанд.