Дар ҷаласа сардорони раёсатҳо, муовинони сардорони раёсатҳо, мудирони раёсатҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот бо назардошти намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

Сараввал Қурбонзода Далер Қурбон.-сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаро оғоз намуда, ҷиҳати содир шудани камбудиҳо дар кор бари кормандон баъдан ба намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дода шуд, Юсуфӣ Музафар-сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурсат истифода бурда, бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин изҳор намуда, ки 16-уми ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳои, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набуданашон ҳанӯз равшан нест, истилоҳи «Давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд ва гоҳе бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт. Дигар ҳеҷ кассе ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад. Пас аз он, Шаҳидуллозода Муҳаммадалӣ-прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунгузори нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки гарчанде дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои фаъолияти Хадамот дар ҳамаи самтҳои фаъолият дар даҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта бошад ҳам, новобаста аз корҳои ба анҷом расонидашуда ҳанӯз камбудиҳои соҳа ба назар мерасанд. Вобаста ба паҳлуҳои асосии масъала равшанӣ мендозем, ки тибқи иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №779 аз 29 декабри соли 2006 «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» масъулини Хадамот уҳдадоранд, ки назоратро дар самти ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар тули роҳҳои автомобилгарди ҷумҳури пурзӯр намоянд.