Субҳи санаи 21 майи соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар чорабинии ҷумҳуриявии “Дави миллӣ” иштирок намудаанд.

       Дави миллӣ ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май баргузор мегардад, бахшида мешавад. Мусобиқаи мазкур 21 май, соати 07:30 тавассути кӯчаҳои Карамов – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир гардид.

       Мақсад аз баргузории мусобиқа – таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.

       Имрӯз рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бахусус тарғиботи он дар байни наврасону ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, сол аз сол дар ҷалби оммаи васеи халқ ба варзиш ва дар баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳо андешида мешаванд.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон зимни мулоқот бо варзишгарони мамлакат иброз намуданд, ки «Ҳадафи асосии сиёсати давлати мо фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст».

      Тарбияи ҷисмонию варзиш воситаи хуби тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари мардум ба корҳои манфиатбахш мебошад.

       Рушду инкишоф додани варзиш ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани он яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа мебошад.

       Бо ҳамин мақсад таи чанд сол аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар Рӯзи «Дави миллӣ» баргузор мегардад.

       Мо низ ин иқдоми Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамасола дар ин маросими идонаи муфид иштирок менамоем.

       Бояд гуфт, ки Дави миллӣ баҳри оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори ноҳия ва тарбияи насли наврас доир гардида, ба яке аз мусобиқаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст.