Ҷаласаи васеъи кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида
ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муҳтарам
Раҳимзода Мирзошариф Убайдулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфта иброз намуданд, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

РАНГИ СУРХ – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд.
РАНГИ САФЕД – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.
РАНГИ САБЗ – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз – ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистони мо ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад. Фақат бо меҳнати ҳалол мо метавонем кишвари маҳбуби худро обод созем. Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем.
ТОҶ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳо, муовинони сардорони раёсатҳо, мудирони раёсатҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок намуданд. Муовини Сардори Раёсати минтақаи Ҳисор Ҷамшедов Муҳаббатшо  баён доштанд, ки «парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дошта, ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад».Дар ҷаласа кормандон мавзӯъҳои «Таърихи парчам–таърихи миллат», «Дирафш: Аз зуҳури он то муқаддасоти миллӣ», «Тасвири дирафш дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Оини парчамдории ниёгон», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ», «Парчам дар осори бостоншиносӣ», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун муҳимтарин рамзи давлатдорӣ» маърӯза намуданд.Зикр шуд, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.