Хадамот бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуда, ҳамарўза нисбати қоидавайронкуниҳои ошкоргардида чораҳои маъмурӣ андешиданд.

Дар нуқтаҳои  баркашӣ назорати шабонарӯзии гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ба таври доимӣ таъмин ва илова бар ин  гуруҳҳои мобилӣ таъсис дода шуда дар назди корхонаҳои истеҳсолӣ ва карерҳои коркарди қуму шағал риояи меъёрҳои вазну андозаҳоро назорат намуданд. Дар давоми нимсолаи якум  445 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуданд, ки  нисбати ронандагон бо моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи  1 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ғайр аз ин барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда   46 адад иҷозати махсус ба маблағи  306 њазору 487 сомонӣ дода шудааст.

         Ҳамчунин дар 25 адад нуқтаҳои баркашӣ 82351 адад воситаи нақлиёти боркаш мавриди баркашӣ қарор дода шуда, ба онҳо сертификати баркашӣ дода шуданд. Бори тақсимшавандаи  аз меъёр зиёди 156 адад воситаи нақлиёт ба миқдори 965 тонна фароварда шуда, тавассути дигар воситаи нақлиёт интиқол дода шуданд 

Ҳарчанд, ки нисбати воситаҳои нақлиёти гаронвазн чораҳои маъмурӣ андешида шуда бошад ҳам, мутаасифона ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ ба чашм назаррас аст.Санаи 22 июли соли 2021 муовини Сардори Хадамот –Давлатзода З.Ҳ дар якҷоягӣ бо шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санҷиши воситаҳои нақлиёти гаронвазнро дар назди корхонаи сементбарории ноҳияи Ёвон – ҶДММ “Моҳир семент” ва ҶДММ “Хуаксин Ғаюр – семент” гузарониданд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш бо бори вазнин ба чашм назаррас аст, яъне воситаҳои нақлиёти боркаш бо бори вазнин аз корхонаи сементбарорӣ баромада, ба ҳамлу нақли боркашонӣ машғуланд. Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки бори воситаҳои нақлиёти боркаш аз ҷониби корхонаҳои сементбарорӣ муҳрбандӣ қарда шудааст. Мутобиқи борхат бор меъёр буда, дар ҳолати кушодани муҳр бори воситаи нақлиёт зиёд ошкор карда шуд. Барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд бор доштани воситаҳои нақлиёти боркаш нисбати 4 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 311 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Қайд бояд кард, ки бобати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба корхонаҳои семенбарории болозикр огоҳинома дода шуда бошад ҳам, аммо ҳолати аз меъёр зиёд бор кардани бор то ҳол аз ҷониби корхонаҳои семенбарорӣ мушоҳида карда мешавад. Дар ин самт корҳо идома доранд ва иловатан ахборот пешниҳод карда мешавад.